ВИДЕО: Боздошти гумонбари асосӣ дар қазияи хунини қабристони "Хованск"

Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд гумонбари асосии ташкили моҷарои хунин дар қабристони "Хованск"-и Маскав Юрий Чабеув - мудири собиқи ин қабристон аст. 

Юрий Чабуев, бино ба иттилои расмӣ боздошт шудааст. Мудири собиқи қабристони "Хованск" ба авбошӣ, муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва куштор айбдор мешавад. 

Тафтишот маълум кардааст, ки дар ташкили занозании гуруҳии қабристони "Хованск" дар Маскав, ки 14-уми май рух дода, боиси куштори се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҷароҳати беш аз 30 тани дигар шуд, Юрий Чабуев, мудири собиқи ин қабристон даст доштааст. 

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия Владимир Маркин хабар додааст. 

Ҳамчунин дар ин бора дар баёнияи ахири ин ниҳод, ки дар сомонаи расмии кумитаи тафтишотӣ пахш шуд, гуфта мешавад.

Маркин гуфтааст, дар наздиктарин фурсат додгоҳ талаби тафтишотро дар мавриди боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифтани гумонбари асосӣ Юрий Чабуев баррасӣ хоҳад кард. 

Бино ба иттилои расмии мақомоти Русия, дар робита ба қазияи мазкур беш аз 200 нафар пурсида шудаанд. Барои мушаххас кардани ҷузъиёти ин ҳодиса шоҳидони бевоситаи ин рухдод кӯмак хоҳанд кард. Вай ҳамчунин аҳамияти вежаи наворҳоро аз дурбинҳои назоратии қабристон ва сабти видеоии ҳодиса ба телефонҳо мобилӣ барои пайгирии мунсифонаи қазия таъкид кардааст. 

Пештар дар бораи эҳтимоли даст доштани Чабуев дар ташкили ин низоъи мусаллаҳона "Интефакс" дар такя ба манобеяш дар мақомоти тафтишотӣ хабар дода буд. Аммо мақомот ин фарзияро рад ба "РИА Новости" карда буданд. 

Мудири қабристони "Хованск" пештар аз вазифа озод карда шудааст, аммо 16-уми май, баъди ду рӯзи ҳодисаи мудҳиш маълум шуд, ки ӯ аз ҷониби мақомот боздошт шудааст. Рӯзи душанбе додгоҳ натавонист қарори ҳабси Чабуевро қабул кунад, вале муҳлати ҳабси пешакии гумонбари асосиро то 18-уми май тамдид кард. 

Чабуев ба авбошӣ, муомилоти ғайриқонуии силоҳ ва куштор айбдор мешавад. Бино ба иттилои муфаттише, ки аз суд ҳабси Юрий Чабуевро талаб кардааст, гуноаҳкори мудири собиқи қабристонро нишондоди шоҳидон, ки ӯро ҳангоми ҳодиса дар қабристон дидаанд, тасдиқ мекунанд. 

Чабуев ба гуноҳаш иқрор нашудааст, аммо адвокаташ гуфтааст, ки зерҳимояи ӯ дар қабристон мехост аз ҳодисаи нохуш ҷилавгирӣ кунад. 
 

 

 

 

 

 

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?