ВИДЕО: Дар Беларус рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон идома доранд

Дар толори калони Филармонияи давлатии Беларус рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон идома доранд.

Дар ин бора ба расонаҳои ин кишвар сафири Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов иттилоъ дод. 

Расонаҳои беларусӣ менависанд, ки Тоҷикистону Беларусро муносиботи дипломатӣ ва фарҳангӣ тӯли солҳо ба ҳам пайваста, бо ҳамин роҳ дар охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта, дар студияи синамои ин кишвар Маргарита Қосимова, коргардони маъруфи зодаи Тоҷикистон кору фаъолият кардааст.

Ӯ тавонистааст дар ин студия чандин филмномаҳоро ба навор гирад.

Аз ҷумла, филми “Писар дар ҳифзи падар”, ки дар нақшҳои асоси ҳунармандони маъруф Еременкои калонӣ ва хурдӣ нақш офаридаанд, ҳамчунин чандин филмҳо барои кӯдакон ва наврасон ба эҷодиёти ӯ тааллуқ доранд.

Дар доираи рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус, намоишгоҳи ҳунарҳои муосир ва санъати тасвирӣ, ярмаркаи ҳунарҳои косибии мардумӣ баргузор мешаванд.

Ҳамчунин дар назар аст, рӯзҳои кинои миллӣ доир гардида,  панҷ спектакли Алексей Дударев ба саҳна гузошта шаванд. 

 

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?