ВИДЕО: Ҳабси 9 журналисти нашрияи «Ҷумҳурият»

Додгоҳи Истамбул карори ҳабси 9 тан аз 13 журналисти рӯзномаи мухолифи ҳукумат – «Ҷумҳурият»-ро, ки рӯзи душанбе боздошт шуда буданд, содир кард.

Ба иттилои Евронюс, миёни онҳое, ки ҳукми додгоҳро дар ҳабс интизор хоҳанд шуд, сармуҳаррир Мурод Собунҷу ва хабарнигорони машҳури нашрия, аз ҷумла публисист Кадри Гурсел ва рассом Мусо Карта низ ҳастанд.

Чор рӯзноманигори дигар бо додани забонхат ҷиҳати тарк накардани кишвар озод шудаанд.

Прокуратураи Истамбул рӯзноманигоронро «дар мусоидат ба фаъолияти террористи»-и Ҳизби коргарии Курдистон ва созмони «Хизмат»-и Фатҳуллоҳ Гулан муттаҳам медонад.

Ба боздоштшудаҳо ҳукми ҳабс аз 10 сол то ҳабси абад таҳдид мекунад.

НАВОРИ ЕВРОНЮС

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?