ВИДЕО: Ҳамла ба азодорони ҳусайнӣ дар Кобул 14 кушта ба ҷо гузошт

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилаи Афғонистон, шоми дирӯз дар ҳамлаи мардони мусаллаҳ ба азодорони Ошуро дар зиёратгоҳи Сахии Кобул ҳаддиақал 14 нафар кушта ва 26 нафар захмӣ шуданд.

Ин манбаъ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки баъд аз чанд соати даргирӣ ба неруҳои амниятии кишвар муяссар шудаст, ки ҳамлаварон ба азодорони рӯзи шаҳодати Имом Ҳусайнро аз қаламрав берун ронанд.

Пулиси афғон мегӯяд ҳамла ба азодорон соатҳои ҳашти бегоҳ шуруъ шуд ва ба гуфтаи шоҳидони айнӣ аввал як сади инфиҷори шадид шунида шуд, сипас тирпаронӣ оғоз гардид.

Пулиси Кобул дар аввалин фурсат эълон карда буд, ки ҳамлаварон ҷумлае аз азодорони ҳусайниро бо худ гаравгон гирифт.

То ин соат ҳеч гуруҳе масъулияти ин ҳамларо ба душ нагирифтааст.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон ин ҳамларо шадидан маҳкум кардааст ва гуфтааст, ки “ин амал нишонаи ошкор аз душманӣ бо ваҳдат миёни пайравони мазоҳиби гуногун дар Афғонистон аст”. 

НАВОР АЗ ЕВРОНЮС 

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?