ВИДЕО: Корманди латукӯбшудаи “Тоҷиксодиротбонк” ба кораш баргашт

Абдулмуъмин О. аз ҷониби Мирҳаёт Ёқубов латукӯб шуда буд.

Абдулмуъмин О. корманди 63-солаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ки аз ҷониби раиси муваққати бонки мазкур мавриди латукӯб қарор гирифта, дар беморхона бистарӣ шуда буд, ба кори худ баргашта, мегӯяд, тасмим дорад, то ба нафақа баромаданаш ин ҷо фаъолият хоҳад кард.

Бино ба гуфтаи Абдулмуъмин О., роҳбарияти муваққати бонк нисбати ӯ ягон даъво надоранд, аммо аз ӯ дархост кардаанд, аз аризаи  шикоятияш ба кумитаи амнияти миллӣ, ки аз болои Мирҳаёт Ёқубов, раиси муваққати бонк барои латукӯб ва ҳабси худсарона навишта буд, даст бикашад.

Вай аз аризааш даст кашиданӣ нест ва мегӯяд, то ба нафақа баромаданаш ҳамагӣ ду моҳ боқӣ монда, мехоҳад ин муҳлатро дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба анҷом расонад.

Абдулмумин О. дар вазифаи сардори Хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори “Тоҷиксодиротбонк” кор мекунад.  

Мирҳаёт  Ёқубов, ки аз моҳи майи соли ҷорӣ, раҳбарии муваққатии “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба уҳда дорад, Абдулмуъмин. О-ро дар ҳузури кормандони бонк, гӯё барои насби камераҳои назоратӣ (жучок) латукӯб карда, фармон додааст, то ӯро дар хоҷатхона  ҳабс кунанд.

“-8-уми август буд,  вақти корӣ ба анҷом мерасид ва мехостам ба хона равам. Дар ин вақт як муҳофизи бонк маро ҷеғ зад, ки сардори хадамоти бехатарӣ туро фарёд дорад. Рафта дар онҷо истодам вале гуфтанд, ки ҳоло ту даркор нестӣ. Дар ин вақт дар ошёнаи 2-юми бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” нишаста будам, ки Сардори хадамоти бехатарии “Тоҷиксодиротбонк” Қурбоналӣ омад, ки биё даро. Даромадам, ки дар даруни кабинети роҳбари бонк 4-5 нафар аз маъмурияти муваққатӣ ва 2-3 кормандҳои пешина истодаанд. Даромадам, ки як провода (ноқил) дар онҷо овезон аст. Рости гап ман раиси муваққатии бонкро 1-2 ду бор дида будам ва ӯро хуб намешинохтам. Ҳама дар дохил рост нигоҳ карда истода буданд...  

Як одам аз байни ҳамонҳо, ки баъдтар фаҳмидам роҳбари муваққатии бонк Ёқубов Мирҳаёт аст, “ин чӣ аст ин чӣ аст гуфта”, аз гулӯям қапида бурда дар болои як миз афтонду хафа кард. У гулӯямро сахт хафа карда мегуфт, гап зан ки инро (жучок)-ро ҳамроҳи кӣ ва барои чӣ мондӣ?!! Шумо “жучок” монда моро гӯш мекунед. Роҳбари муваққатии бонк имконият намедод ки ман гап занам чун бо дастам гулуямро сахт медошт. Нафасам гирифту  қариб мемурдам, вале кормандони нав ва доимии бонк сардори департаменти бехатарии бонк ва дигарон дахолат накарданд. Сардори хадамоти бехатарӣ ҳатто ҷуръат накард, ки омада маро аз дасти раис халос кунад. Баъд ногаҳон раиси муваққатии бонк маро озод карду ба яке аз муҳофизонаш Сафар фармон дод, ки “инро гирифта мебаред ва дар Бонки миллӣ маҳкам мекунед ва баёноташро мегиред”.

Муҳофиз маро маҷбуран ба даруни ҳоҷатхонаи бонк, ки дар паҳлуи кабинети раиси бонк будааст, наздики  2 соат ҳабс кард. Дар ин вақт ман ба писарам занг задам, ки биё маро халос кун инҳо маро бурда маҳкам мекунанд. Тахминан соати 5:20 буд, ки писарам ба бинои асосии бонк омада, бо илтимос назди раис медарояд ва  зораю тавалло карда, ӯро розӣ мекунонад, ки маро озод кунад. Хуб баъдан 1-2 соати дигар маро бурда, баёнотамро гирифтанд. Боз назди раиси муваққатӣ оварданд, соатҳои 22 баёнот тайёр шуд ва аз онҷо озод шудам...”, -нақ кал карда буд тн корманди “Тоҷиксодиротбонк”. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?