ВИДЕО: Президенти Беларус Лукашенко Қуръонро бӯсид

Президенти Беларус Александр Лукашенко Қуръонро бӯсид ва ин амал акнун дар олами муосир, бахусус аз ҷониби роҳбарони давлатҳо сурат бигирад, хеле ҷасурона унвон мешавад.

Расонаҳои русзабон менависанд, аз ин амали Лукашенко бисёриҳо ба ҳайрат афтодаанд. Аксарият ин амалро ҷасурона унвон кардаанд.  

Лукашенко Қуръони каримро дар маросими ифтитоҳи масҷиди ҷомеи Минск 11-уми ноябр бӯсид.

Муфтии кишвари Беларус ба Раҷаб Тайип Эрдуғон, Президенти Туркия, ки бо сафари кории якрӯза дар ин кишвар қарор дошт ва дар маросими мазкур ширкат кард, Китоби муқаддасро туҳфа кард.

Эрдуғон туҳфаи муфтиро гирифту ба нишони эҳтиром бӯсид ва ин корро Президенти Беларус низ такрор кард. Ин амали "ҷасурона"-и Лукашенко диққати ҷомеаро ба худ ҷалб кард, -менависанд расонаҳо.

 

 

 

  

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?