ВКД мегӯяд пирони 77 ва 86-солаи душанбегиро набераи 23-солаашон қатл кардааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷавони 23-сола Н.Ю, сокини шаҳри Душанберо ба қатли бобову бибиаш-пирамарди 86-сола ва пиразани 77-сола муттаҳам мекунад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки  дар таърихи 4-уми сентябри соли равон, тахминан соати 18:30-дақиқа, шахси номаълум вориди хонаи истиқоматии нафақахӯрон, зани 77-сола ва марди 86-сола, сокинони шаҳри Душанбе шуда,  бо истифода аз олоти халандаю буранда ба бадани мӯсафед 15-маротиба ва зани солхӯрда 29-маротиба ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд. Пиру кампир аз захмҳои зиёд дар ҷойи ҳодиса ҷон додаанд.  

Бино ба иттилоъи ВКД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе, ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ва мақомоти прокуратура набераи нафақахӯрон, ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.

Тибқи фарзияи кории тафтишот, гумонбаршуда аз нафақахӯрон маблағи калони пулӣ талаб намуда, баъди ҷавоби рад гирифтан онҳоро бо бераҳмии махсус ба ҳалокат расонидааст. 

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?