Вокуниши академик Фарҳод Раҳимӣ ба даъвоҳои Эрону Туркия

Фарҳод Раҳимӣ, академик, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо паҳн кардани як матлаб бо номи "Чашми соҳибназар бояд", ки субҳи имрӯз ба унвонии расонаҳои муътабар равон шудааст,  ба даъвоњои Эрону Туркия дар хусуси ба феҳристи осори фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани қадимтарин нусхаи «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ вокуниш нишон додааст. Матни комили он чунин аст: 

Баҳс дар бораи нисбат додани арзишҳои адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва таърихии гузашта дар сомонаҳои интернетӣ, садову симо ва рӯзномаҳои дохилию хориҷӣ аз пахши хабар дар бораи  аз тарафи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва  Ҷумҳурияти Туркия фиристодани дархост барои ба феҳристи осори фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани қадимтарин нусхаи «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Қуния  оѓоз гардид.

Ҳодисаи нисбат додани арзишҳои адабӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангии мо, тоҷикон ва гузаштагонамон ба қавму халқҳо ва кишварҳои дигар солњои охир сар нашудааст. Ин падидаи номатлуб пешинаи дерина дорад.

Нисбат додани арзишҳои миллӣ (адабӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ) дар даврони Шӯравӣ ҳамзамон бо тақсимоти ҳудудҳои миллӣ ё ба истилоњ «табартақсим»-и онҳо дар солҳои 20-30 асри гузашта оѓоз гардида буд. Дар натиҷа бисёр арзишҳои маънавӣ ва моддии мо дар ҳудудҳои сиёсию маъмурии кунунии халқҳову кишварҳои ҳамсоя монданд. Ин раванд дар давраҳои баъдӣ низ, вақте ки  омӯзиши мероси гузашта дар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ба таври ҷудогона оғоз гардид, идома ёфт. Ва алалхусус дар солҳои 90, дар арафаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз он,  замоне, ки ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ  соҳиби истиқлоли сиёсӣ шуданд ва  алалхусус дар рӯзгори  мо доманаи рушди бештар пайдо кард ва ба ављи худ расид.

Агар дар замони Шӯравӣ як таносуб ва тавозуни нисбии қарордодие дар байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ риоя мешуд, ҳоло ҳељ кишвару миллате  ба  он аслан  эътиборе намедиҳад. Бинобар ин, онҳо ҳар меросеро, ки дилашон мехоҳад, ё аз они худ эълон менамоянд ва ё бо зӯрӣ ѓасб мекунанд.

Мавҷуд будан ва густариш ёфтани ҳодисаи номатлуби интисоби арзишҳои миллӣ сабабҳои зиёде дорад. Аммо сабаби асосииаш, ба назари мо, он аст, ки то ҳол меъёрҳои усулӣ ва илмии интисоби арзишҳои миллӣ ба ин ё он миллат ва кишвар на дар сатҳи минтақа ва на дар сатҳи байналмилалӣ муайян ва муқаррар нашудаанд. 

Меъёри дар замони имрӯз маъмул ҳамон меъёри ҳудудӣ, аниқтараш меъёри ҳудудиву маъмурии сиёсӣ мебошад, ки ғайриилмист ва ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул нест. Зеро, тавре ки  маълум аст, ҳудудҳои ҷуғрофӣ ва сиёсии имрӯза ғолибан ба ҳудудҳои воқеии таърихӣ, ба ҳудудҳое, ки қавму миллатҳо дар онҳо асрҳои аср сукунат доштанд ва доранд, мувофиқат намекунанд ва бархе аз эътирофи  ҳақиқати таърихӣ сахт меҳаросанд ва дар навиштањояшон бо ҳар баҳонае кӯшиш мекунанд, ки  онро инкор бикунанд ва ё аз он сарфи назар намоянд.

Дар асл меъёрҳои дигаре ҳам ҳастанд, вале, мутаассифона,  онҳо дар гузашта ва дар рӯзгори мо огоҳона ва  ё ноогоҳона дар мавриди нисбат додани  арзишҳои миллӣ сарфи назар мешаванд, аз ҷумла аз меъёри муҳими нисбати забонӣ доштани он арзишҳои адабӣ ва илмӣ. Бузургони илму адаби мо сарфи назар аз он, ки дар куҷо ба дунё омадаанд, дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Панҷакент, Нишопуру Шероз, Балху Ҳирот, Марву Насаф, Хоразму Омӯл, Ганҷаву Деҳлӣ ва ё ҷойи дигар, ба забони форсии дарӣ ё тоҷикӣ эҷод намудаанд ва осори онҳо, табиист, ки  ба соҳибони ин забон нисбат дорад.

Онҳое, ки дар интисоби арзишҳои миллӣ аз меъёри забонӣ сарфи назар менамоянд, одатан далелеро пеш меоранд, ки  дар таърихи гузаштаи қавму миллатҳои минтақа ва дунё марҳилаҳое буданд, ки дар онҳо ин ва ё он забон барои миллатҳо ва кишварҳои зиёде забони илму адаб ва ҳунар буд, мисли забони лотинӣ барои юнониён ва дигар мардумони Ѓарб, забони арабӣ барои мардумони мусулмон ва ғайра. Дуруст аст, ки имрӯз низ дар адабиёти халқҳои олам ҳодисаҳое кам нестанд, ки шоирону нависандагони ин ва ё он миллат ба забони миллатҳои дигар асар офаридаанд ва меофаранд.

Вале дар ин маврид  ҳамзамон бо ба эътибор гирифтани меъёри забонӣ, ки бидуни шак бисёр муҳим мебошад, бояд муайян намуд, ки ин ва ё он осори адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ маҳсули кадом муҳит ва андешаи  адабию илмию фарҳангӣ мебошад. Барои мисол, Низомии Ганҷавӣ бо «Хамса»-аш, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо «Маснавии маънавї»-аш, Абунасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ ва Хоҷа Насириддини Тӯсӣ  бо рисолаҳои маъруфашон ҳаргиз наметавонанд парвардаи зењн ё маҳсули муҳити туркӣ ва андешаи туркӣ  бошанд. Ё худ Бадриддин Ҳилолӣ бо он ки чағатоиасл буд (бино ба гуфтаи Алишери Навоӣ), шоири тоҷику форс аст, зеро парвардаи  муҳит ва андешаи тољикию форсї  мебошад.  Ин гуна мисолҳо дар таърихи адабиёт ва ҳунари қавму миллатҳои дигар низ ба назар мерасанд.

Замони шӯравӣ маъмул гардида буд, ки  вақте дар кишварҳои ҳамсояи мо аз бузургоне монанди Ибни Сино, Форобӣ, Берунӣ ва дигарон ном бурданӣ мешуданд, барои пинҳон нигоҳ доштани аслашон  онҳоро ҳамчун донишмандони Осиёи Миёна эълон мекарданд. Ва бо ин гуфтанӣ мешуданд, ки онҳо ба ҳамаи қавму миллатҳое, ки дар ин ҷумҳуриҳо ҳоло сукунат мекунанд, тааллуқ доранд. Дар сурате ки воқеияти таърихӣ  дигар аст. Зеро, дар асл  ин осор тааллуқ ба мардуми муайян дошта, офаридаи зењн ва маҳсули  муҳити адабию илмию фарҳангии мушаххас ва дар ин маврид тољикон  мебошад.  

Таърихшиноси шинохтаи рус Б. Ставитский дар тақризаш бо номи «Дар бораи масъалаи ба тарзи нав омӯхтани санъати Осиёи Миёна»  (шумораи 5 маҷаллаи «Искуство» соли 1971) барњаќ таъкид намуда буд, ки дар таълифи таърихи санъати халқҳои Осиёи Миёна «дар доираи сарҳади маъмурии имрӯза маҳдуд шудан» норавост. Ба назари ин донишманд танҳо бо офаридани асарҳои илмии усулӣ ва мунсифона «пеши роҳи кӯшишҳои дар доираи маҳдуди миллӣ шарҳ додани муаммоҳои душвори мероси маданӣ ва бадеии халқҳои Осиёи Миёна»-ро метавон гирифт. 

Маҳсули муҳити адабию илмиву фарҳангӣ ва андешаи миллии  муайян будан, ба онҳо тааллуқ доштан дар асл маънои онро дорад, ки ин ё он шоир, ё олим, ё ҳунарманд бозтобдиҳандаи андеша, фикр ва ҳуввияти  миллати мушаххас ва кишвари мушаххас ё минтақаи мушаххас  аст.

Масъалаи дигаре, ки вобаста ба нисбат додани арзишҳои миллӣ щоистаи ба миён гузоштан ва  баҳс намудан аст, нисбат додани ин ва ё он арзиши муштараки адабӣ, илмӣ ва фарҳангии гузаштаи мо ба Эрон ё Афғонистон ва ё Тоҷикистон мебошад. Дар ин замина, мутаассифона, ифроту тафрит ва сӯитафоҳумҳо   ҳам дар миёни мардуми Эрон ва ҳам эронитаборони муқими Аврупо ва Амрико, ҳам дар миёни ҳамқавмону ҳамзабонони мо дар Афғонистон зиёд ба мушоҳида мерасад. Қисме аз онҳо, аз қабили донишмандони муосири эронӣ Эҳсони Ёршотир, Ҷалоли Матинӣ ва Муҳаммадалии Надушан то ҳол бар онанд, ки тоҷикон Фирдавсиву Хайёму Саъдию Ҳофизро аз худ кардаанд, ба худ нисбат медиҳанд ва онњо бо ин усули тањлил осори муштарак доштани моро рад карда, ба њофизаи таърихии мардум латна ворид месозанд. Ва онњо бояд донанд ва дарк намоянд, ки ин бањогузории сифр ѓайриилмї аст ва мо ворисони муштараки як фарњанг ва як адабиёти ѓании тољику  форс њастем.

Аз ин хотир Рӯдакиву Носири Хусраву Камоли Хуҷандӣ ба ҳамон андозае, ки барои мо тоҷикон азизанд, ба ҳамон андоза барои эрониён ва афғонистониён низ азиз мебошанд. Ва бараъкс, Фирдавсию Ҳофизу Саъдиву Мавлавӣ назди мо ҳамон андоза қадру манзалат доранд, ки  назди эрониён ва афғонистониён доранд. Аз ин ҷиҳат баҳсе, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва барномаҳои радиоӣ дар бораи он, ки «Маснавӣ»-и Мавлоно моли кадом миллат ва кишвар  аст, аз ҷумла  иддаои онҳое, ки гӯиё танҳо Туркия ва Эрон ҳаққи онро доранд, ки нусхаи қадимтарини онро дар ЮНЕСКО ҳамчун мероси миллиашон сабт намояд, бебунёд аст.

Ҳамчунин даъвои масъулон ва маъмурони афғонистонӣ дар бораи он, ки чун «Румӣ дар Балхи Афғонистон ба дунё омадааст, на дар Туркия ё Эрон» (Саид Зафар Ҳошимӣ, муовини сухангӯйи раиси ҷумҳур) ва «мо ба ҳеч кас ва кишваре иҷоза намедиҳем, ки Мавлоно, ифтихори моро дар феҳристи ЮНЕСКО ба номи худ сабт кунад» (Ҳорун Ҳакимӣ, сухангӯйи вазорати фарҳанг ва иттилоот)  ва  бинобар ин ӯ ва осораш танҳо ба Афғонистони кунунӣ ва мардуми он тааллуқ дорад, асосе надорад.

Зеро, тавре ки мавлавишиносони дохилӣ ва хориҷӣ (Франклин Люис) муайян намудаанд,   муаллифи «Маснавии маънавӣ» замони воизи яке аз масҷидҳои Вахшонзамин  (Тоҷикистони имрӯза)  будани падараш (бино бар навиштаи Баҳоуддин Валад дар  рисолааш «Маориф») дар байни солҳои 1204  ва 1207  ба дунё омада, чанд соли даврони кӯдакиашро дар Самарқанд сипарӣ намуда, асари мондагори хешро дар заминаи суннатҳои адабӣ ва  тасаввуфи хуросонӣ ба забони тоҷикӣ офаридааст. Аз ин рӯ, ин асари ӯ ва худи ӯ, пеш аз ҳама, ба меросхӯрони мустақими вай, яъне форсизабононе, ки имрӯз дар Тоҷикистону Афғонистону Эрони феълӣ маскунанд, тааллуқ доранд.   Вале, азбаски Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ солиёни дароз дар хоки имрӯзаи Туркия зиндагӣ ва эҷод кардаву дар ҳамин ҷо хок шудааст ва  дар миёни мардумони ин сарзамин обурӯву эътибори фавқулода дошта, муридону пайравони бешуморе пайдо намудааст ва оқибат ба қавли Абдураҳмони Ҷомӣ аз «Ҷалолиддини Балхӣ» ба «Ҷалолиддини Румии Балхӣ» бадал шудааст, мардуми он кишвар низ ба  мероси ӯ шариканд. 

Ба маврид аст аз падидаи дигаре низ ёдовар шавем, ки мероси бузургоне мисли Ҷалолиддини Балхӣ ба шарофати андешаҳои олӣ ва осори ҳунари волое, ки дар онҳо дарҷ ҳаст, бо гузашти асрҳо аз маҳдудаи як миллату як кишвари муайян берун омада, ба як мероси бебаҳои фаромиллӣ табдил меёбанд ва ба ҳамин маънӣ ба тамоми башарият мансубият мегиранд.

Бо дарназардошти он чи  гуфта шуд, дар сабти меросҳои миллие мисли «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ  дар ЮНЕСКО, ки дар зоти худ кори савоб мебошад, бо миллатҳо ва кишварҳое, ки меросбари њаќиќї мебошанд, маслиҳату машварат мебояд кард. Аз ин нигоҳ мавқеи  Фарҳод Назарӣ, мудири кулли Дафтари сабти осори таърихии Эрон дар бораи он, ки  кишвараш дархости сабти ном намудани нусхаи қадимтарини «Маснавӣ»-ро танҳо ба хотири он ки ин нусха дар Қунияи Туркия маҳфуз аст, танҳо бо Туркия кардааст ва ҳам  иловаи ӯ, ки «агар нусхаи қадимтарини «Маснавӣ» дар Оксфорд мебуд, Эрон ин корро ҳамроҳ бо Бритониё анҷом медод», дуруст нест.

Дар охир орзу мекунем, ки дар ин роҳ «чашми охирбине», ки Мавлоно мегӯяд, њама даъвогаронро  насиб гардад, то ростро, ҳақиқатро бубинанд ва онро ошкор ва талқин намоянд:

Ҳар кӣ аввалбин бувад, аъмо бувад,

Ҳар кӣ охирбин, чӣ бо маъно бувад.

Ҳар кӣ аввал бингарад поёни кор,

Андар охир ў нагардад шармсор.                                                          

Назарҳо

Бисёр олӣ, академик Фарход Раҳимӣ! Посухи илмӣ бо далелҳои раднашаванда. Навиштани чунин маколаҳоро аз Шумо минбаъд интизор дорем.
Акнун маълум мешавад, баъди президент шудани Фарҳод Раҳимӣ дар академияи илмҳо, илми тоҷик соҳиб пайдо кардааст
Зиндаву човид бошед устоди гироми!
САИД фазои илми точик хечгох холи набуд ва холи хам нахохад монд. Ташвиш нашавед. Ин миллат хамеша фарзандони ба ору номус дошт, дорад ва иншааллох хохад дошт.
Огои президенти Академия нав таваллуд шудаанд? Кучо буданд то он даме ки туркхову эронихо бо чунин ташаббус баромаданд? Русхо чунин рафторро "Сабака на сене" ном додаанд. Аз дастатон ку чизе намеояд, монед дигарон аз пайи дар самти чахони нигахбони шудани осори ниёгонамон шаванд!! Мухим инаст.
Albatta kase nametavonad inkor kunad ki Mavlonoi Balkhi tojik ast. Ammo hamai tojikhoi zabardast ba zaboni forsi navishtaandu me'rosi xudro guzoshtaand, tojikho to nomi zaboni modariashonro dar sarqonun forsi nanomand in hama problemhoi az manu az tu ne davom khohad kard. Zaboni tojiki vujud nadorad va nadosht,in zabon hast zaboni forsi, bo forsi nomidani in zabon tojikon gulomi Iron nakhohand shud, bas kuned in hama xiyonatro nisbati zaboni forsi, in zabon forsist na tojiki.

Шояд шумо суол ё назаре доред?