Вокуниши Москва ба роҳ наёфтани дипломатҳояш дар интихоботи ИМА

Вазорати корҳои хориҷии Русия ба сафорати Амрико дар Русия нота фиристода, гуфтааст, ба ширкати дипломатҳои ИМА дар ҳамаи интихоботҳои ояндаи Русия иҷозат намедиҳад.

Тавре муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков хабар медиҳад, манъи дипломатҳои амрикоӣ дар посух ба маҳдудсозии ширкати дипломатҳои Русия дар қитъаҳои раъйдиҳии ИМА аст.

Ба гуфтаи намояндаи вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова, Бюрои федеролии тафтишотии ИМА ба дипломатҳои Русия бо ҳадафи роҳ надодани онҳо ба қитъаҳои раъйдиҳӣ мустақиман фишор меорад.

Вашингтон дархости дипломатҳои Русияро барои назорати интихоботи президентии ИМА найранги таблиғотӣ меномад. Бино бар иттилои ИМА, Москва нахостааст аз имконияти назорати интихобот дар якҷоягӣ бо САҲА истифода барад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?