Вуқуъи чанд инфиҷори дигар дар метрои Брюссел (Акс)

Се инфиҷори дигар дар метрои Брюссел 10 нафарро кушт ва теъдоди зиёдеро захмӣ кард. ин се инфиҷор дар фосила бештар аз як соат баъди таркишҳо дар фурудгоҳи Брюсел рух доданд.   

Бино ба гузориши DeMorgen инфиҷор дар метрои  Maelbeek рух дод. Ин манбаъ мегӯяд метрои Maelbeek дар наздики қароргоҳи Иттиҳодияи Аврупо қарор дорад ва маҳз дар ҳамин ҷо чор рӯз пеш ширкаткунандаи амалиёти Порис Салоҳ Абдулсалом боздошт шуда буд. 

Ин дар ҳолест, ки пулис алҳол иртиботи инфиҷорҳои субҳи имрӯзро намехоҳад ба боздошти Абдусалом иртибот диҳад.

Мурофиаи судии муттаҳам ба амали террористии Порис дар Брюссел оғоз мешавад. Фаронса талаб дорад, ки Салоҳ Абдусалом ба Порис истирдод шавад.

Бино ба гузориши дигар роҳбарияти метрои Брюссел ҳаракат дар ҳамаи самтҳои роҳи зеризаминиро боздошт.

Pz Feed News хабар дод, ки то ин дам дар нуқтаҳои гуногуни метрои Брюсел се инфиҷор ба қайд гирифта шудааст, вале аз теъдоди зарардидагон ва ҳалокшудагон хабари дақиқ нарасидааст. 

Субҳи имрӯз бар асари ду инфиҷори мудҳиш дар фурудгоҳи Брюссел ҳудудан 20 нафар кушта ва тақрибан 100 нафари дигар захмӣ шуданд.

Пулис расман эълон кард. ки таркиши фурудгоҳ амали террористӣ буд ва он ба дасти маргталабон амалӣ шудааст. Ҳоло дақиқ нест, ки теъдоди ҳамлаварон ба фурудгоҳ чанд нафар буд.  

Copyright @2016 TojNews  

Шояд шумо суол ё назаре доред?