Вуруди намозгузорон ба масҷидҳо бо дастгоҳҳои махсус назорат мешавад

Дар масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеаи шаҳри Душанбе дастгоҳҳои кашфи ҷисмҳои металлӣ насб карда хоҳад шуд.

28-уми март Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдории Душанбе ба масъулини шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои шаҳр супориш додааст, ки “дар кулли масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ, ки дар шаҳри Душанбе расман фаъолият мекунанд, аз ҳисоби худи масҷидҳо камераҳои назоратӣ ва дастгоҳҳои муосири кашфи ҷисмҳои метталӣ насб ва вуруди намозгузорон ба масҷидҳо дар ояндаи наздик тавассути ин дастгоҳҳо ба роҳ монда шаванд”.

Ҳадаф аз роҳандозии ин тасмимро Убайдуллоев “баҳри пешгирӣ аз ҳолатҳои номатлуб, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти намозгузорон” унвон кардааст.

Дар дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мегӯянд, ки чунин муқаррарот дар муассисаҳои тиббӣ ва маориф, тарабхонаҳо, марказҳои савдою маишии шаҳр низ ҷорӣ хоҳад шуд.

Раиси шаҳр супориш додааст, ки барои зери назорат қарор додани фаъолияти камераҳо дар масҷиду дигар муассисаҳо дар дастгоҳи раиси шаҳр базаи ягонаи иттилотию назорати интерактивӣ ташкил карда шавад.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Ин як шармандагист шумо бо худо бозидоред.
Оё дигарон хак доранд ки ба хони шумо камераи назорати бугзоранд??? пас чигуна метавонед хонаи худоро камера гузошта онхоро тамошо кунед, битарсед аз он худо ки шуморо офарид, албатта агар кадре дар вучуди шумо имон бошад ва донед ки фардо сардорхоятон шуморо кумак карда намедавонанд ки а чахин берун кунанд. эй инсон аз худо битарс.

Шояд шумо суол ё назаре доред?