Вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон якбаробар афзудааст

Шумораи сайёҳони хориҷӣ, ки аз Тоҷикистон боздид кардаанд як баробар афзудааст.

Дар ин бора Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти хабариаш  иттилоъ дод.

Ба иттилои раиси Кумитаи ҷавонон, соли 2015 аз Тоҷикистон 413 ҳазору 834 сайёҳи хориҷӣ боздид кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта ба соли 2014 як баробар зиёд аст. 

Дар соли соли 2014 шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон омада 200 ҳазор нафарро ташкил медод.

Сайёҳон асосан аз Чин, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, ИМА, Туркия, Ӯзбекистон, Олмон, Русия ба Тоҷикистон омадаанд.

Аз  ҳисоби сайёҳони хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар 206 миллиону 917 ҳазор доллар фоида расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 94 фоиз бештар аст.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?