Яхмосу нӯшокӣ аз номи Президент дар Кӯлоб

Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз номи Президент ба кӯдакони шаҳри Кӯлоб яхмос, нӯшокӣ ва ширинӣ туҳфа кардаанд.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд,  19-уми июл дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба пешвози 25-солагии Истиқлолият мусобиқаи шоҳмот ва «Аксияи яхмос» доир гардида, аз номи Президент ба кӯдакону наврасон яхмос, нӯшокӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.

Манбаъ мегӯяд, “ҷавонону наврасон бо азму иродаи қавӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ изҳор мекарданд, ки ҳамчун як ҷавони бофарҳанг, бонангу номус ва соҳибтамаддун саҳми худро барои пешрафту тараққиёт ва рушду нумӯи кишвар хоҳанд гузошт.”

Ин нахустин маротиба нест, ки ба кӯдакон аз номи Президент яхмос медиҳанд. Қаблан Рамазон Раҳимзода аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони водии Рашт яхмос дода буд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?