Як астероиде, ки беш аз садҳазор тонна вазн дорад ба Замин наздик мешавад

Бино ба гузориши Созмони миллии ҳавонавардӣ ва фазоии ИМА, 17-уми май як астероиди ҳаҷман бузур (1999 FN53) ба Замин наздик мешавад.

Диаметри он наздик ба як километр буда, садҳо ҳазор тонна вазн дорад ва ба масофаи қариб даҳ миллион километр, ки баробар ба 26 фосилаи миёни Моҳ ва Замин мебошад, ҷойгир шудааст.  То 24 миллион километр ба замин наздик мешавад.

Аз рӯйи параметрҳои худ он ба гуруҳи астероидҳои наздик ба Замин дониста мешавад, ки ба олимон дар айни замон наздик ба шаш ҳазор ин гуна объектҳо маълуманд.

 Ин астероид ба Замин хатар надорад ва ин созмон ҳатто онро ба рӯйхати ҷирмҳои осмонии хатарнок барои Сайёра ворид накардааст.  

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?