Як қадами дигар барои амалӣ шудани Қонуни авф

Пагоҳ 24-уми август Порлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”-ро баррасӣ мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон,  масъалаи мазкур дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон 17-уми август лоиҳаи Қонун “Дар бораи авф”-ро ба Маҷлиси намояндагон фиристонда буд. Қонуни мазкур ба пешвози 25 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ баъди қабул гардидан Қонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад.

Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ баъди қабул гардидан Қонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла зиёда аз се ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои ислоҳи озод карда шуда, зиёда аз чор ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда озод карда мешаванд. Нисбати доираи васеи маҳкумшудагон муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур инчунин нисбати зиёда аз ду ҳазор шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд татбиқ карда мешавад.

 

 

Назарҳо

Салом, шумо мутмаин хастид Ки ин конун бе пул ичро мешад ?

Шояд шумо суол ё назаре доред?