Ёдбуди Ҳомиддин (Ҳумдин) Шарифов дар вазорати корҳои дохилӣ

Дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо баргузории маросиме аз Ҳомиддин Шарифов, собиқ вазири корҳои дохилӣ ёд кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, 15-уми июн дар вазорат бо ширкати раҳбарияти вазорат, Раиси Суди Олӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ёру дӯстон ба муносибати рӯзи мавлуди Ҳомиддин (Ҳумдин) Шарифов маросими гиромидошт баргузор шуд.

Генерал-полковники милитсия Ҳомиддин Шарифов давоми 10 сол (1996-2006) вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз марҳум Шарифов як шахсияти азиз барои кормандони мақомоти дохилӣ ёд кардааст.

Ба гуфтаи вазир, “дар солҳои 1996-2006, дар замони роҳбарии Ҳомиддин Ҳасанович, ки давлату миллати тоҷик баъди баромадан аз ҷанги шаҳрвандӣ, мушкилоти вазнини даврони ташаккулёбиро аз сар мегузаронид ва дар баробари ин қонуншиканӣ ва даст задан ба ҷиноятҳои вазнин аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятӣ зиёд ба назар мерасид, вазифаи басо муҳиму масъулиятнок, мубориза бо ҷинояткорӣ ба зиммаи кормандони макомоти корҳои дохилӣ вогузор гардида буд”.

Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси Суди Олӣ Ҳомиддин Шарифовро “яке аз шахсиятҳои барҷастаи миллат” номида, гуфтааст, ки шогирдони ӯ имрӯз ҳомиёни ин марзу бум мебошанд.

Ҳоло фарзанди Шарифов Аҳлиддин Шарифов сардори ШВКД дар ноҳияи Ховалинг мебошад, ки дар ин ҳамоиш суханронӣ кардааст.

Марҳум Шарифов моҳи августи соли 2007 дар синни 61-солагӣ аз олам даргузашта буд. Аз башумор вазирони пешини мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аст, ки баъд аз вазириаш аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд.

Дар замони ба марг расиданаш вакили парламенти Тоҷикистон буд. Он вақт гуфта мешуд, ки бино бо сабаби беморӣ аз олам даргузашт.

Ҳомиддин Шарифов соли 1947 дар ноҳияи собиқ Совет, Темурмалики имрӯда таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон буд. Дар вазифаҳои Раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон (1995-96), раҳбари Дастгоҳи иҷроия (1996), вазири корҳои дохилӣ (1996-2006) кор кардааст. Моҳи апрели соли 2007 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд, тобистони ҳамон сол вафот кард.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

dust

Шояд шумо суол ё назаре доред?