Ёди 73 рӯзноманигори шаҳиди тоҷик гиромӣ бод! (Арҷгузории ном ба ном)

Ёди 73 рӯзноманигори шаҳиди тоҷик гиромӣ бод!

Хушвахтшо Муборакшоев, декабри 1992

Ҷамшед Давлатмамадов,25 декабри 1992

Филолишо Хилватшоев,декабри 1992

Мухтор Буғдизода, 25 декабри 1992

Таваккали Файзулло, 17 ноябри 1992

Тӯраҷони Қобил, июни 1992

Олими Заробек, 7 майи 1992

Ширинҷон Амирҷон,16 майи 1992

Муродуллоҳ Шерализода, 5 майи 1992

Аркадий Рудерман, 1 сентябри 1992

Табаралӣ Сайдуллоев, 21 октябри 1993

Олимҷон Ёрасенов, июн ё июли 1993

Пирумқул Сатторӣ, 28 майи 1993

Зуҳуриддин Суярӣ, 1 марти 1993

Саидмурод Ёров(Саидмуроди Ёриён), январи 1993

Шарифамоҳ Кишвардухт(Кишварова), 1 октябри 1993

Эмелия Подобед, сентябри 1993

Тоҳирҷон Азимов(Тоҳир Азим), июн ё июли 1993

Шариф Аҳроров, 1 июли 1993

Шарофиддин Қосимов, июн ё июли 1993

Зикруллоҳ Валиев, тобистони 1993

Саидҷалол Фахриддин, 1 июни 1993

Хушвақт Ҳайдаршо,18майи 1994

Ҳомидҷон Ҳакимов, 18ноябри 1994

Давлаталӣ Раҳмоналиев, 18 августи 1994

Олим Абдулов, 15 майи 1994

Муҳиддини Олимпур, 12 декабри 1995

Виктор Никулин, 28 марти 1996

Мирхаем Гавриелов, 8 июни 1998

Отахон Латифӣ, 22 сентябри 1998

Ҷумъахон Ҳотамӣ, 5 июли 1999

Абдуқаҳҳори Нозим, 7 октябри 1995

Абдуҳаким Шукурзода, 21 апрели 2000

Абдухолиқ Содиқов 1992,

Аҳрор Шариф, 7 октябри 1996

Амонбек Шоҳзода 18 августи 1993

Бурҳон Ғанӣ(Ғаниев), 13 декабри 1992

Махсум Олимӣ, 24 декабри 1992

Зайниддин Муҳиддинов, 14 марти 1995

Сайф Раҳимзоди Афардӣ(Раҳимов), 20 майи 2000

Шарифҷон Мансуров, 24 октябри 1992

Шакарбек Мирзошоев, 13 Январи 1993

Сергей Сидаковский, 5 сентябри 1999

Сайвалӣ Насибов, декабри 1992

Саидшоҳ Саидов,4 феврали 1996

Ҷобир Азизмуродов, 18 декабри 1993

Ҷунайдуллоҳи Халифа, марти 1993

Эътибор Элмуродова, 15 июли 1994

Ҳомид Маликов(Ҳомид Малик), 1997

Искандар Карим, 15 майи 1993

Аюбҷони Неъмат, 16 июни 1993

Маҳмудҷон Шаҳобиддинов, 16 октябри 1993

Мақсудшоҳ Имматшоев, 3 октябри 1993

Муҳаммадмуслеҳи Наҷибуллоҳ, номаълум

Муҳаммадшариф Холов, 16 ноябри 1995

Мӯсо Мавлавиев, 16 октябри 1993

Мусофир Набиев,20 октябри 1995

Пошохон Сайфиддинов, 19 сентябри 1995

Рӯзибой Ҷумъаев, декабри 1992

Кулмуҳаммад Абдулҳусейнов, декабри 1992

Қурбон Тағоев, августи 1992

Ҷӯраҷон Қаландаров, феврали 1993

Тоҳири Малик, март ё апрели 1993

Сафар Шоев, 10сентябри 1993

Аҳмадҷон Самадов,1994

Гадобой Ӯзбеков( Сармад), 1993

Нафасбеки Раҳмон, 5 ё 7 май 1995

Одил Исломӣ, 1996

Алишер Нозимов, 13 августи 1996

Шамси Собир, 9 июли 1996

Умриқул Ҳақбердиев, 1999

Владимир Долгих, 1999

Искандари Хатлонӣ, 21 сентябри 2000

Худованд тактаки онҳоро раҳмат кунад!
Имрӯз метавонист иди онҳо бошад!
Аммо насибашон накард.

 Ин рӯихати журналистон аст, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он кушта шудаанд.
 Ин руйхати ҳаммиҳанони кушташудаи мост, ки макони дафни даҳҳо нафарашон ҳанӯз ҳам маълум нест.
 Ин рӯихати нафароне аст, ки барои куштори аксарияташон Прокуратураи генералии Тоҷикистон парванда боз накардааст.
 Ин рӯихати қурбониёнест, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои пайдо намудани қотилони онҳо ҳич иқдоми ҷиддӣ накардааст, балки талаби чандин созмонҳои журналистӣ ва ҳифзи ҳуқуқи башарро ҷиҳати пешниҳоди иттилоъ дар ин бора тули ду даҳсола нодида мегирад.
 Ин руйхати онҳоест, ки ҳар сари ҷанд вақт куштори онҳо бо аҳдофи сиёсиву гуруҳӣ мавриди истифода қарор мегирад.
 Дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҷилд ҷилд китобҳо навишта шудаву, то ҳол навишта мешаванд.  Бештар аз корнамоии размандагон тавсиф мекунанд. Ҳанӯз  ҳам менависанд дар бораи Сангаку Ризвону Файзаливу Лангарӣ... На фақат таърихнигорон, шахсони алоҳида, балки журналистон ҳам менависанду баъзе тадқиқоти журналистӣ ҳам мебаранд.Дар бораи куштори инҳо на, тадқиқоти ҷиддие то ҳол набуда.

Оре, дар бораи ин ҷанг бояд навишт, то наслҳои оянда бохабар бошанду ин фоҷеа дигар такрор наёбад.
Бояд навишт то Субот пойдор монаду Ваҳдати миллӣ устувор гардад.
Бояд навишт, то ному корномаи ин шаҳидони қаламбадаст ҷовидонӣ бошад!

Ёдатон гиромӣ бод, ҳамқаламони шаҳиди мо! 
Худованд шуморо раҳмат кунад!

Шояд шумо суол ё назаре доред?