Ёди шумо сафеди ҷилодор аст, дада

Ҳудуди се сол доштам. Ману Шафақ болои чана нишаста ва рӯйи барф порвоз мекардем. Шумо банди чана дар даст пешо пеши мо медавидед ва гаҳ-гоҳе ба ақиб, ба мо бо табассуме нигоҳ мекардед, ки дили моро бештар ба тапиш меандохт. Медонистем, ки маънои он табассуми бозиҷӯш, боз як ҷаҳиши дигар аз болои ду зинаи пиёдарав аст, ки сари ҳар чанд метр ба сӯйи марказ нишеб мешуд. Баланд механдидем ва фарёд мезадем. Хеле хушбахт будем. Зиндагиро дӯст медоштем. Хушбахт буданро ба мо меомӯхтед.

Ҳашт ё нӯҳсола будам, субҳи зуд аз хоб бедор шудам, Шафақу Муҳаммадҷон ҳануз хоб буданд, утоқҳоро гаштам, аммо на шумо на модар дар хона набудед. Нигарон шудам. Миллатро бедор кардам. Шафақ ба панҷара нигоҳ карду гуфт: "Барф!" Ҳамагӣ ба балкон давидем то барфи нахустини зимистонро ки шаб омада буд, тамошо кунем. Аз табақаи шашум ба поён нигоҳ кардем, ҳануз касе рӯйи барф роҳ нарафта буд. Рӯйи қолии сафеди барфи ҷилодор ба ҷуз аз нақши пойи шумову модарам нақше дигар набуд. Ҳарду мисли кӯдак бо ҳам барфбозӣ мекардед. Аввал мехостем фарёд кунем, ки "Ҳой! Мо ҳам барфбозӣ мехоҳем, аммо он саҳна ва садои хандаи модарам моро маст карда буд. Бо табассуми то баногуш хомӯшона аз тамошои бозии шумо лаззат бурдем. Дӯст доштанро ба мо меомӯхтед.

Понздаҳ сол доштам, ки ба ҷашнвораи Чехови Маскав сафар кардед. Ману Муҳаммадҷону Фирдавс дар хонаи модарбузург бо аммаву фарзандонаш будем. Як субҳ аз ғулғулаи ваҳшатнок бедор шудем. Тонкҳо аз минтақаи Нагорний, як гузар болотар аз хонаи модаркалон мегузаштанд. Фурудгоҳ баста шуда буд. Кӯчаҳоро мардҳои гузар ҳисор баста буданд, Душнберо вазъи ҷангӣ фаро гирифта буд. Ҳар кас ҳарчӣ мегуфт. Об захира кардем, хӯрок ҳам... Хун дар баданам сард шуд, ки оё шуморо боз медида бошем: "Кош дадем мисли Рэмбо мебуданд..." Ҳамон рӯз шумову модар худро дар ҳавопаймои ҳарбӣ то Душанбе расондед. Бо шунидани ин хабар, дар рӯбарӯи таҳдиди ҷангу гуруснагӣ хушбахтим канор надошт, дада! Дар хами кӯчаи Пионерский, ба поёни роҳ чашм духта будем, ману Муҳаммадҷону Фирдавс, ки зудтар шуморо бинем. Пас аз муддате ки ба назарамон тулонитар аз умри вақт буд, аз пушти дарахти пир ҳарду намудор шудед. Сар ҷудову по ҷудо ба тарафи шумо давидем. Ба қудрати меҳр шакк накарданро ба мо меомӯхтед.

Бисту як сола будам. Нахустин бор барои иштибоҳам дар роҳи ҷустуҷӯйи бахт ашк мерехтам. Аввалин қадамҳоям дар шинохти дилу эҳсосотам буд. Сахт навмед будам. Вақте дар бағали модарам гиря мекардам, шумову модар дар кумаки "фоҷеъаи" кудаконаи ман оҷиз будед. Он вақт рӯйи аз гиря варамкардаи маро ба кафи дастатон гирифтеду боло кардед: "Биё, спектакли Лайлию Маҷнуна монам, ту Лайлия бозӣ кун!" Аз миёни гиря биниамро тоза карда гуфтам: "Куҷои ман Лайлӣ, масхара накунед!..." Пас аз лаҳзае ману модарам механдидем ва шумо табассум мекардед. Дар зиндагии худ нақши дуввум бозӣ накарданро ба мо меомӯхтед.

Ҳамеша ҷиддӣ будед. Вақте қисса фавқулода хандадор мешуд, табассум мекардед. Аммо солҳои охир табассуми шуморо бештар медидем. Рӯзҳое мешуд, ки сухан гуфтан бароятон бештар душвор буд. Гоҳе атрофи шумо ҷамъ мешудем ва ингор бозии чистон роҳ меандохтед. Мусобиқа мекардем, бубинем, кӣ ҳарфи шуморо дуруст мефаҳмад. Як шом аз кор омадам, модар бо ташвиш гуфтанд: "Биё ҷон, ту беҳтар мефаҳмӣ, дадет чизе мегӯянд, мо намефаҳмем." Ману Муҳаммадҷону Фирдавсу модар ва Лайло бори дигар ба ҳарфи шумо гӯш додем ва шумо ҳарфи худро такрор кардед. Ҳар кас мувофиқи ҳиҷову вазни баёни шумо калимае мегуфт, шумо сар меҷунбондед, ки "не, нодуруст" ва боз он муъамморо бо абрувони баста такрор мекардед. Яке буд, гӯё фаҳмидам ва бо тардид ба шумо нигоҳ кардам. Ун вақт нигоҳи маро дида табассуми бозиҷӯш кардед, мисли кӯдакон. Фаҳмидед, ки фаҳмидам. Бо ҳайрат гуфтам: "Гӯзи момопишак?..." Бо хандаи бесадо таъйид кардед ва ҳама хандидем. Дар қалби душворӣ табассум карданро ба мо меомӯхтед.

Ҳафтуми феврали 2010, вақти намози пешин шуморо аз хона бароварданд. Аҷиб аст, ки ҳам нахустин ва ҳам охирин хотиротам аз шумо барфӣ аст, сафеду ҷилодор... Ингор табиъат ҳам он рӯз ва ҳам ин рӯз ба шумо роҳи сафед мегуфт. Ёд надорам он рӯз чигуна гузашт, фақат медонам, ки барф баланд буд ва мо васати сардтарин рӯзи сол сахт месӯхтем. Ва ҳама гиря мекард, ҳатто касоне ки азашон баъид буд... Ба мо рафтанро меомӯхтед.

Шуморо мардум ҳамчун коргардон, ҳунарманд, ситораи теотр мешиносанд ва ҳамеша ёд мекунанд, дадаҷон. Аммо мо имрӯз 68 умин солгарди таваллуди мубораки падарро ҷашн мегирем. Падаре ки чанасаворӣ бо ӯ ширинтарин лаҳзаҳои зиндагӣ буд. Дар он рӯзи барфӣ, вақте моро болои чана савор кардед, то ки аз хонаи модаркалон ба манзили худамон баред, моро дар асл ба сайру кашфи моҷарое бо номи Зиндагӣ мебурдед ва банди он чанаро то рӯзи барфие дигар, ки ба мо падруд гуфтед, раҳо накардед. Ба мо зиндагӣ карданро меомӯхтед.

Дӯстдоштатарин падар дар дунё ҳастед, дадаҷон ва ёди шумо сафеди ҷилодор аст...

Шамсия ҚОСИМ

Назарҳо

Ахсан Шамсия. Навиштахоят хама хама сафеду чилодор, муассир, чунин навиштахоро ёд карда будам ва инак дар ин сафхахо мехонам - забони шевову латиф, муассир ва пур нафосату мухаббати точики. Точикитарин навиштахо, бо табиати точики, форам, нарм-нарм, гарму дилнишин. Рухи падар хам аз ин навиштахо шод. Ба равони дусту бародари гиромиам Фаррух нидо мефиристам, ки охираташ обод бод! Ором бихоб, ки туро ворисони арзанда пайрави мекунанд, дар ин олам ба бехуда назисти, бародари гироми.
Шамсияи ҷон! Дар зиндагӣ ҳар фарди соҳибҳуш як улгу, як идеал барои зиндагӣ дорад. Пас аз сӯҳбате маҳрамона, ки соли 1995 дар утоқи рӯбарӯи кафедраи забони ҳиндӣ миёни ҳардуямон сурат гирифт, ба хулосае омадам, ки барои ХУШБАХТ будан нақши падару модар чӣ аҳамияте дорад; арзишҳои маънавӣ волотар аз ҳама зебу зинату мансабу амал, қудрату зебоии зоҳир... аст; фариштахисолӣ ва покдилӣ фазл нест, ирси падарист; бузургиву шаҳомати устод Фаррухи Қосим дар одамияти беназир ва макорими ахлоқи ӯст... Аҳорун ва Фаррухи Қосим, фоҷиаи "Шоҳ Фаридун" шахсан барои ман маҳаки санъати ҳақиқӣ буду ҳаст ва ин назари ман тағйир намепазирад... Ҳар сол рӯзи 12-декабр ғоибона азизи дили худро бо зодрӯзаш муборакбод менамоям... Ғам кам шавад ба гуфтану шодӣ шавад зиёд... Андӯҳшарики шумо ҳастем. Худо сабри ҷамилатон диҳад... Ба умеди дидор, О. Д.
Шамсияи ҷон! Дар зиндагӣ ҳар фарди соҳибҳуш як улгу, як идеал барои зиндагӣ дорад. Пас аз сӯҳбате маҳрамона, ки соли 1995 дар утоқи рӯбарӯи кафедраи забони ҳиндӣ миёни ҳардуямон сурат гирифт, ба хулосае омадам, ки барои ХУШБАХТ будан нақши падару модар чӣ аҳамияте дорад; арзишҳои маънавӣ волотар аз ҳама зебу зинату мансабу амал, қудрату зебоии зоҳир... аст; фариштахисолӣ ва покдилӣ фазл нест, ирси падарист; бузургиву шаҳомати устод Фаррухи Қосим дар одамияти беназир ва макорими ахлоқи ӯст... Аҳорун ва Фаррухи Қосим, фоҷиаи "Шоҳ Фаридун" шахсан барои ман маҳаки санъати ҳақиқӣ буду ҳаст ва ин назари ман тағйир намепазирад... Ҳар сол рӯзи 12-декабр ғоибона азизи дили худро бо зодрӯзаш муборакбод менамоям... Ғам кам шавад ба гуфтану шодӣ шавад зиёд... Андӯҳшарики шумо ҳастем. Худо сабри ҷамилатон диҳад... Ба умеди дидор, О. Д.

Шояд шумо суол ё назаре доред?