Таронаи нави Юлдуз Усмонова дар бораи "подшоҳ" Ислом Каримов

Юлдуз Усмонова, овозхони машҳури Узбакистон бори аввал ҷуръат кардааст, ки Ислом Каримов, раиси ҷумҳури ин кишварроо “подшоҳ” хонад. 

22-уми декабри соли равон дар ҷараёни муаррифии албоми нави таронаҳояш овозхони шинохта сурудеро дар васфи Ислом Каримов иҷро кард. Ӯ қабл аз сароидани тарона гуфтааст: “Ман сурудеро ба ифтихори подшоҳамон, падари миллат, ки муддати чандин сол ба инҷониб Узбакистонро идора мекунад, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмиро ҳифз мекунад, омода кардам. Ман ҳазорон бор аз ӯ миннатдорам.”  

Дар муаррифи албоми нави Юлдуз Усмонова, ки дар тарабхонаи “Дедеман” баргузор шудааст, бештар аз 500 нафар ширкат доштаанд, ки дар миёни онҳо намояндагони дипломатии кишвраҳои хориҷӣ, аз ҷумла сафири Туркия дар Узбакистон Намик Гюнер Эрпул низ ҳузур доштаанд. Таронаи Юлдуз Усмонова аз ситоиши шаҳри Самарқанд, ки зодгоҳи президент Каримов мебошад, оғоз шуда, дар он Ислом Каримовро меросбари Темур-ланг унвон шудааст.

Бино ба гузориши бахши узбакии радиои Аврупои Озод-“Озодлик” ин тарона бори аввал 12-уми декабр суруда шуд ва Юлдуз Усмонова қабл аз он ки онро сарояд, аввал хоҳиш кард ҳама телефонҳо ва камераҳои наворбардориро хомӯш созанд. Сомонаи  eltuz.com. навиштааст, ки бо вуҷуди он ки мегуфтанд, ин сурудро нахон, вале Юлдуз итоат накард ва суруд. Аммо баъдан маълум шудааст, ки аз тарона канори истилоҳи “подшоҳ”, ки Ислом Каримов меомад, Каримов пок шудаву Ислом боқӣ мондааст.  

Юлдуз Умонова аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки дар Узбакистон ва берун аз марзҳои он шуҳрату овоза ва маъруфият дорад. Вале ба иллатҳои номаълум муддатҳост, ки таронаҳояш мамнуъ шуда, дар телевизионҳои ин кишвар симои ӯ намоиш дода намешаванд. Худи ӯ наметавонад барномаҳои консертии худро дар толорҳои бошукуҳи ин кишвар баргузор кунад. Мақомот бо ҳар роҳу восита монеъ мешаванд. 

Вай муддате ҳатто аз кишвараш берун рафт ва дар Туркия кору фаъолият кард, вале меҳри ватан дубора ӯро баргардонд. Аз соли 2011 талош мекунад ҷойгоҳи холишуда аз таронаҳояшро дубор пур кунад ва ҳатто духтарбузурги президент Каримов Гулнора Каримова ҳам талош кард, вале талошҳову кушишҳо беҳуда буданд. 

Дар остонаи соли нави соли 2013 вай аз тариқи Интернет таронаеро бо номи “Гулисан” пахш кард, ки ба Гулнора Каримова бахшида шуда буд ва Гулнора ба ивази он талош кард ӯро ба барномаи консертии “Асрлар садоси” (“Садои қарнҳо”) даъват кунанд.  Аммо боз ҳам нобарор. Ҳамагӣ чанд дақиқа пештар аз навбати Юлдуз  бо занги телефонии кадоме аз мақомоти болоӣ Гулнора даъвати ӯ  ба саҳнаро лағв кард.  

Ба сурати умум дар бораи Юлдуз ва таронаҳои манъшудаи ӯ гӯмагӯҳо зиёданд. Иддае бар ин назаранд, ки касе аз мақомоти тасмимгиранда мухолифи ӯст ва ё кадом асроре дар миён аст, ки на Юлдуз ва на каси дигар ҷуръат доранд фош кунанд. Худи Юлдуз дар суҳбате бо “Садои Амрико” гуфтааст, ки “Ман ба як нафаре маъқул нестам, ба як одами хурдакаке. Шояд ҳоло ӯ вуҷуд надорад, вале мушкилиро эҷод кардааст. Хайр чӣ? Магар ин беадолатист? На, ин тақдир аст...” 

Ҳузур наёфтани Юлдуз Усмонова дар барномаҳои консертии давлатӣ, ки дар он президент Каримов шахсан ширкат мекунад, аз касе пӯшида нест. Ва ҳоло шояд Юлдуз ба хотири комил аз ёди мардум нарафтан даст ба иқдоми ниҳоӣ задааст ва таронаеро бо оҳанги марғуб ба президент бахшидааст ва мисраҳои дилрасе барои ӯ аз қабили “Президенти ман, зиндагонии шумо бардавом бод, шумо нигаҳдорандаи адолатед” дорад, иншо кардааст. 

Шояд ин охирин умеди ӯ барои баргаштан ба саҳнаи бузург бошад.  

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?