Залмай Юнусӣ сафири нави Афғонистон дар Тоҷикистон

Залмай Юнусӣ

Залмай Юнусӣ, сафири нави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон таъин шудааст ва рӯзҳои наздик вориди Душанбе хоҳад шуд.

Бино ба иттилои як манбаъ, фармони таъини Залмай Юнусӣ аз сӯи Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба имзо расида, рӯзҳои наздик ӯ ба иҷрои вазифаҳои дипломатиаш шуруъ хоҳад кард.

Зулмай Юнусӣ дар вазифаи Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафур Орзуро иваз мекунад, ки оғози моҳи ноябри соли равон маъмурияти дипломатиаш ба анҷом расида буд.

Залмай Юнусӣ кист?

Муҳаммад Гул Залмай Юнусӣ аз наздикони Устод Атомуҳаммади Нур мебошад. Соли 1958 дар Балх таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи ҳуқуқу сиёсати Донишгоҳи Кобул мебошад. Узви фаъоли Ҷамъияти исломии Афғонистон дар вилоятҳои шимол аст. Дар интихоботи президентии Афғонистон раҳбари тими таблиғотии Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар шимол буд. Аз сӯи командаи доктор Абдуллоҳ ба мансаби Вазири омӯзиш ва парвариши Афғонистон пешбарӣ шуда буд. Аммо аз сӯи Луи Ҷирга ройъи заруриро нагирифт ва натавонист ба вазифаи пешбаришудааш оғоз кунад. Залмай Юнусӣ, мушовири Устод Атомуҳаммади Нур, волии Балх дар умури сиёсӣ, маориф, фарҳанг ва умури бозсозӣ буд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?