Зарурати Муовини Сарвазир оид ба идеология аз нигоҳи коршиносон

Дар назар аст дар сохтори Раёсати Ҳукумати Тоҷикистон вазифаи нав – Муовини идеологии Сарвазири Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Феълан маълум нест, ки ба ин вазифаи тозаэҷод кӣ таъйин хоҳад шуд, аммо бино ба иттилои манобеи огоҳи TojNews дар назар аст бо иловаи тағйирот ба Қонуни конститутсионии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" вазифаи нави Муовини идеологии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раёсати ҳукумат пайдо шавад.

Дар ҳамин ҳол, коршиноси мустақил Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён мегуяд: «Таъсиси вазифаи Муовини Сарвазир оид ба идеология, новобаста аз он ки, бо чи номе рӯ хоҳад зад, амри зарурӣ ва амали муҳим аст. Вале боз ҳам муҳимтар он аст, ки ба ин маснад кӣ таъин мешавад.

 Бубинед, шуруъ аз соли 2012  ташаббус дар муҳити сиёсии Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун тадриҷан ба ниҳодҳои қудратӣ гузашт. Нақши ниҳодҳои дигари давлатӣ, назири Дастгоҳи иҷроия, дафтари  Сарвазир, Маркази тадқиқоти стратегӣ дар таҳияву таъини сиёсати дохилӣ то соли 2014 ночиз гашта, Шӯрои амният нисбатан қави шуд. Азҳоби сиёсӣ комилан мустақилияташонро аз даст дода, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, назири расонаҳо, адвокатҳо ва ҳомиёни ҳуқуқи башар дар ҳошия қарор дода шуданд. Буҳрони иқтисодӣ шакл гирифту ташаббуси шаҳрвандӣ дар кишвар мурд.

 Аз баҳори соли 2015 Шурои амният низ нақши ниҳоди марказии таҳияи қабули қарорҳои сиёсиро аз даст дода, КДАМ, ВКД ва Прокуратураи генералӣ марказҳои ҷиддии тасмимгирӣ шуданд. Албатта, ҳар кадоме аз ин ниҳодҳо худро посбони содиқи давлату ҳукумат медонанд, вале онҳо низ аз иштибоҳот орӣ набуданду нестанд. Такяи давлат ба онҳо мушкилзо шуд. Ба назар мерасад, ки раҳбарияти сиёсии кишвар инро ба хубӣ дарк менамоянд.

Бар замми ин, вазифаи ҳифзи давлатдорӣ дар шароити Тоҷикистон мавҷудияти ташаббускорони зиёд дар муҳити сиёсӣ ва он ҳам қудратиҳоро истисно мекунад. Хоса қудратиҳоеро, ки дастнигари маркаҳзои таъсиррасон ба ҳукумат мебошанд. Сару садоҳо оиди мансаби нав - Муовини Сарвазир оид ба идеоложик аз ҳамин далолат мекунад.

Пайдо шудани ин маснад, аз як сӯ, маънии эътирофи заъфи кори ҳукумат дар  самти идеоложикро дораду аз сӯи дигар, кӯшишест барои бозпас гирифтани ташаббус дар муҳити сиёсӣ. Фикр мекунам, ба ин вазифа нафаре аз шумори онҳое таъин хоҳад шуд, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон ӯро хуб мешиносад ва озмуда мешуморад. Агар ин таъинот низ бо дахолати дигарон дар доираи мантиқи «ҳамаро метарсонем» амалӣ гардад, оқибатҳои ногуворе хоҳад дошт. Ҳоло Тоҷикистони мо шадидан ба беҳбуд кардани имиҷи сиёсӣ ва муносиботи байналмилияш ниёз дорад, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумат ва ҷомеа аст».

Ба ҳайати Раёсати Ҳукумати Тоҷикистон тибқи қонун ва аз рӯйи вазифа ҳоло инҳо шомил мешавад: Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, (Қоҳир Расулзода), Муовини аввали Сарвазир (Давлаталӣ Саид), Муовинони Сарвазир (Азим Иброҳим), Вазири адлия (Рустам Шомурод), Вазири молия (Абдусалом Карим (Қурбониён)), Вазири рушди иқтисод ва савдо ( Ҳикматуллозода Неъматулло) ва Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қодири Қосим) мебошанд.

Вазифаи раиси Ҳукумати Тоҷикистонро, ки бо қарораш ҳайати раёсати ҳукуматро маълум менамояд, Президент Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш дорад.

Аммо Нуралӣ Давлат, коршиноси дигари тоҷик бар ин назар аст, ки барои Тоҷикистон аз идеологҳо дида, иқтисоддонҳои қавӣ заруртаранд.

Дар шароити кунунӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон идеоллог не, балки иқктисоддонҳои боқувват лозиманд, зеро барои баровардани кишвар аз буҳрон иқтисодӣ боқувват лозим аст, на идеолог.

Ин як кӯшиши истифода аз таҷрибаи даврони коммунистӣ аст. Чунин ба назар мерасад, ки масъулони мо ба -айр аз таҷрибаи замони коммунистиашон дигар ҳеч сабақе аз таърихи ҷахон нагирифтаанд. Боз ҳамон носталгия рӯ задааст. Аммо қабл аз он ки ин таҷриба истифода шавад, бояд муҳити даврони шӯравӣ дар кишвар фароҳам оварда шавад.

Вале дар мо мактаби ройгону табобати ройгон, нафақаи кофӣ барои пирон ва -айра ба архаизм табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, муовини идеологӣ ба натиҷаҳое, ки масъулон умед мебанданд, муваффақ намешавад. Муҳимтар аз ҳама, ҶТ тибқи Конститутсия бояд идеологияи ҳукмрон надошта бошад, пас дар сатҳи ҳукумат таъин шудани муовини идеологӣ зарурат надорад, -мегуяд Нуралӣ Давлат. 

Назарҳо

Хар вазифае хохетон гиред факат зиндагияи мардума нагз кунетон
Мавсума Муини муовини якуми Кумитаи чавонон варзиш ва сайёхии назди ХЧТ ба ин вазифа арзанд аст Алтернатива надорад !!!

Шояд шумо суол ё назаре доред?