Зиндонӣ шудани раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон ва писараш

Саидқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон, ба шаш ва писари ӯ Асет Матаев, роҳбари хабаргузории ҚазТаг ба муҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Ҳукми додгоҳ нисбати падару писар дирӯз 3-юми октябр дар додгоҳи ноҳиявии шаҳри Остона эълон гардид.

Мақомот Матаевҳоро дар дуздии пули буҷа айбор карданд. Бо ҳукми додгоҳ амволи онҳо мусодира шуда, падару писар якумрӣ аз ишғоли мансабҳои роҳбарӣ маҳрум шуданд.

Иштирокдорони мурофиа ҳангоми эълони ҳукм дар додгоҳ нидоҳои "Шармандагӣ! Шармандагӣ!" сар доданд.

"Дар мавриди ману писарам ғамгин набошед. Мо худро бегуноҳ медонистем ва ҳоло ҳам медонем. Ман ҳамеша мегуфтам, ки дигарандешӣ бояд дар Қазоқистон мавҷуд бошад. Дигарандешон набошанд - демократия ҳам нест", - гуфтааст Матаев.

Саидқозӣ Матаев ва писараш Асет моҳи феврали соли ҷорӣ боздошт шуда буданд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?