Зодрӯз муборак, Фарзона!

Фарзона (Хоҷаева Иноят Юнусовна) 3 - юми ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонаводаи зиёиён ба дунё омадааст. Гузаштагонаш аз бузургони илму адаби на танҳо Хуҷанди бостонӣ буданд, балки дар шумори олимону донишмандони тамоми Осиёи Марказӣ қарор доштанд. Бобои номдораш Абдурраҳим Ҳоҷибоев дар айни ҷавонӣ 13-уми январи соли 1929 сардори Нозироти халқи Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Шӯравии Тоҷикистон ва 21-уми апрели ҳамин сол сарвари Шӯрои нозирони халқи ҶМШС Тоҷикистон таъин гардида, то шуруъи таъқиботи сталинӣ охири моҳи декабри соли 1933 ин вазифаро бар уҳда дошт.

Баъд аз он, ки 8-уми июли соли 1937 Абдурраҳим Ҳоҷибоевро ба ҳабс гирифтанд ва ӯ 25-уми январи соли 1938 ба туҳмати ширкат дар фаъолияти зиддиинқилобии болшевикӣ қатл шуд, фарзандонаш бо ранҷу азоби зиёд ба камол расиданд. Ҳарчанд дар Анҷумани ХХ Ҳизби Коммунист санаи 28-уми декабри соли 1957 бегуноҳии Абдурраҳим Ҳоҷибоев исбот шуд, вале пайвандони ӯ - ҳамсар ва духтаракони зебову маъсумааш Рафоату Бароат даҳсолаҳо азоби маҳрумият ва заҳри фарзанди "душмани халқ" буданро чашиданд.

Модари шоира Фарзона профессор Бароат Ҳоҷибоева аз беҳтарин донандагони адабиёти ҷаҳонӣ, бахусус забону адаби рус ба шумор меравад. Ин бонуи соҳибфазилат муаллифи даҳҳо рисолаву садҳо мақолоти илмӣ буда, баробар бо тарбияи фарзандони адабсолор солиёни зиёд ба таълиму тадриси ҳазорон донишҷӯён ва аспирантону муҳаққиқони ҷавон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров машғул гардидааст.

Падари шоира Юнус Хоҷаев омӯзгори таъриху фалсафа буд. Ин марди наҷиб дар сомони кори рӯзгор ва тарбияи фарзандон ҳамто надошт. Бино ба навиштаи Бароат Ҳоҷибоева ӯ бо хушдомани худ, яъне ҳамсари Абдурраҳим Ҳоҷибоев, ки дар хонаи онҳо мезист, муҳаббати фарзандона ва меҳри бузург дошт. Падари Фарзона дӯстдори мусиқӣ буд, адворро хуб медонист ва чанд афзори мусиқиро нағз менавохт.

Фарзона маҳз дар чунин муҳити хонаводагии фарҳангдӯсту фарҳангпарвар ба воя расидааст.

Ӯ баъди хатми мактаби миёна дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Fафуров) таҳсил менамояд.

Дар ин боргоҳи маърифат Фарзона аз устодони сухансанҷу нуктадон Саъдулло Асадуллоев, Абдуллоҷон Сатторов, Раҳим Тошматов, Фарҳод Зикриёев, Аҳмадҷон Давронов, Саидмурод Ҳоҷиев, Абдусаттор Абдуқодиров, Абдуқодир Зоҳидов, Мардон Неъматов, Ҳувайдулло Ҷалилов, Абдураззоқ Ваҳҳобов, ӯғулой Аҳмадова, Мавлудахон Файзуллоева, Неъматҷон Файзуллоев, Неъматулло Ҳикматуллоев ва дигар омӯзгорон илм омӯхтааст. Дар такомули шахсияти маънавии Фарзона доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдулманнон Насриддинов нақши созанда доштанд. Шодравон Абдулманнон Насриддинов баробари иродат ба ҳунари нотакрори Фарзона на танҳо аз ихлосмандони шеъру гуфтори ҷонбахшои ӯ, балки аз мубаллиғони хулқу атвори писандида, донишу фазилат, биниши поку маърифат, вусъати мутолиа ва камолоти инсонии шогирди хеш буданд.

Фарзона соли 1985 баъди гирифтани дипломи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров  дар оғози фаъолият чанд муддат омӯзгори кафедраи байнифакултавии психологияи донишкадаи ёдшуда буд. Солҳои 1989 - 1993 дар кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ба таълими фанни "Назмшиносӣ" ("Вазни арӯз") ба муҳассилини суханшинос иштиғол варзидааст.

Кори эҷодиро Фарзона дар идораи рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд" ("Ҳақиқати Ленинобод"-и пешина) оғоз намудааст. Ҳангоми фаъолияти хеш дар шуъбаи адабӣ ва фарҳангии рӯзнома шоир дар нашри намунаи эҷодиёти навқаламони вилоят нақши муассиру созанда гузошта меомад.

Ҳосили ҳамкории Фарзона бо рӯзномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд "Тирози ҷаҳон" муҷиби таъсиси саҳифаи пуровозаи "Аржанг"- гардид, ки имрӯзҳо низ ин сафҳаи шеър ҳазорон хонанда дорад ва чеҳраҳои тозаи шеъру адаб аз ҳузуру зуҳури хеш муждагонӣ медиҳанд.

Баъдан Фарзона ҳамчун мушовири бахши назми шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намуд. Бо ташаббуси шоир рӯзи чоршанбе маҳфили эҷодкорони навпардоз доир мегардид.

Ҳоло ин бонуи фазлу дониш, ҳикмату маърифат, саррофи сухан ва гавҳаршиноси истеъдодҳо муовини раиси Кумитаи вилоятии ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Fафуров ва узви ҳайати таҳрири чанд рӯзномаву маҷаллоти бонуфузи кишвар аст.

Нахустин шеърҳои Фарзона дар рӯзномаи "Ҳақиқати Ленинобод" соли 1983 дарҷ гардидаанд. Минбаъд чакидаҳои килки маънисозу тасвирпардози ӯ дар маҷаллаҳои "Садои Шарқ", "Занони Тоҷикистон", ҳафтавори "Адабиёт ва санъат", рӯзномаҳои "Тоҷикистони советӣ", "Комсомоли Тоҷикистон", "Газетаи муаллимон", "Садои мардум" чоп шудаанд. Чанде аз офаридаҳои бадеии Фарзона дар маҷмӯаи аввалини ӯ "Тулӯи хандарез" (Душанбе, 1987) нашр шудаанд.

Маҷмӯаҳои дигари ашъори ӯ бо номҳои "Шабохуни барқ" (Душанбе, 1989), "Ояти ишқ" (Душанбе, 1994), "То бекаронаҳо" (Хуҷанд, 1998), "Меъроҷи шабнам" (Душанбе, 2000), "Як ғунча роз" (Хуҷанд, 2005), "Муҳри гули мино" (Хуҷанд, 2006), "Сад барги ғазал" (Хуҷанд, 2008), "Саду як ғазал" (Душанбе, 2011), "Себарга" (Хуҷанд, 2011), "Парниёни ҷон" (Душанбе, 2011) ва ғайра интишор шудаанд.

Соли 2003 мунтахаби ашъори Фарзона таҳти унвони "Қатрае аз Мӯлиён", дар се ҷилд тавассути нашриёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров "Нури маърифат" (маҷмӯан 1360 саҳифа) ба чоп расид.

Соли 2014 дар нашриёти "Адиб" бо номи "Дарёи сӯзон" (Душанбе, 2014) мунтахаби мақолаҳо ва сафарномаҳои шоир рӯи коғаз омад.

Дар тарҷумаи Т.Смертина маҷмӯаи ашъори ӯ бо забони рӯсӣ бо номи "Двадцать лепестков" чоп шудааст (Москва, Советский писатель, 1990). Шеърҳои ӯ дар кишварҳои хориҷии Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Покистон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ироқ чоп шудаанд.

Боиси ифтихори мо мухлисону иродатмандони каломи шевои Фарзона аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ сухандӯстони аврупоӣ низ дар тарҷумаву нашри ашъори ин суханвари мумтоз эҳтимом меварзанд. Дар шаҳри Лондони Британияи Кабир ба чоп расидани китоби ҷудогонаи "Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ" (2008, бо забонҳои форсиву англисӣ) ва зери унвони "Мунтахабот" ("Избранное", 2009) дар пойтахти Белорусия - шаҳри Минск зевари табъ пӯшидани ашъори Фарзона мояи фараҳмандии тамоми тоҷикону тоҷикистониён аст.

Дар Ҷумҳурии исломии Эрон якчанд маҷмӯаи ашъори Фарзона интишор ёфтаанд, аз қабили "Паёми ниёгон" (1996), "Сӯзи нотамом" (2005), "Набзи борон" (2013). Бо алифбои форсӣ маҷмӯаи шеъри Фарзона таҳти унвони "Сояи ғазал" дар шаҳри Самарқанд ба табъ расидааст.

Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон китоби шоири машҳури қазоқ Абай дар тарҷумаи ин суханвари мумтоз соли 1995 ба табъ расидааст.

Фарзона дорандаи унвони олии "Шоири халқии Тоҷикистон" (2001), Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Турсунзода (1995), Ҷоизаи Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008) ва ордени "Шараф" (1999) мебошад. Аз соли 1988 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?