Зӯроварии сокини Хоруғ алайҳи кормандони БДА

Як сокини шаҳри Хоруғ барои зӯроварӣ нисбати кормандони БДА боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Худододов И. дар кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ бе ҳуҷҷати ронандагӣ воситаи нақлиёти сиёҳшишаро идора намуда, ба талаби қонунии кормандони БДА Мирзомамадов Д.Қ. ва Зарифхонов Н. итоат накарда, бо корд онҳоро таҳдиди задан кардааст.

Манбаъ мегӯяд,  Худододов И. дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, нисбаташ бо моддаи 328 қисми 1  (Истифодаи зўроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз карда шудааст. Ба Худододов И. ҷарима дар ҳаҷми то 20 ҳазор сомонӣ ё ду соли ҳабс таҳдид мекунад.

Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?