Минбаъд Амороти муттаҳидаи Араб маҳбус ва гумонбарони тоҷикро ба Душанбе таслим хоҳад кард

Бар асоси як созишнома миёни Тоҷикистону Амороти муттаҳидаи Араб, минбаъд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб ҷиноят содир намуда, дар ҳабс қарор доранд, ба Тоҷикистон таслим карда мешавад.

Созишномаи мазкур имрӯз, 5 октябр дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Бино ба иттилои Маҷлиси намояндагон, Муҳаммадиброҳим Осимзода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин созишномаро дар Парлумони тавзеҳ дода, гуфтааст: «Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб моҳи марти соли 2016 зимни сафари расмии Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай ба имзо расида буд..." 

Ҳадаф аз ин созишнома овардани маҳкумшудагон аз маҳбасҳои Аморот ба Тоҷикистон аст. Дар маҷмӯъ самти асосии Созишномаи мазкур ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маҳбасҳои Аморот нигоҳ дошта мешаванд, нигаронида шудааст, -гуфтааст Осимзода.  

Вай ҳамчунин гуфтааст, - байни Тоҷикистон ва Аморот Созишномаи байнидавлатӣ оид ба эктрадитсия ва Созишномаи байнидавлатӣ дар хусуси расонидани кумаки мутақобила оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ вуҷуд доранд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар фаъолияти худ аз онҳо истифода менамоянд».
дар ҳамин ҳол Осимзода ба савол дар бораи теъдоди маҳкумшудагони тоҷик дар Амороти муттаҳидаи Араб изҳори беиттилоӣ кардааст. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?