Путин сафарашро ба Фаронса лағв кард

Владимир Путин, Президенти Русия сафари қарибулвуқуъи худро ба Фаронса лағв кард.

Дар ин бора сухангӯи Кремл расман иттилоъ дод. Аз ин пештар хабаргузории Рейтер иттилоъ дода буд, ки Путин аз дидор бо ҳамтои фаронсавиаш Франсуа Олланд худдорӣ кард. Бино ба гуфтаи Дмитрий Песков сабаби лағви ин сафар он буда, ки аз барномаи сафар баъзе чорабиниҳои муҳим ҳазф шудаанд.

Ин сафар метавонад дар вақтҳои барои президенти Фаронса муносиб сурат гирад, гуфтааст Песков ба хабарнигорон. Қарор буд рӯзи 19-уми октябр президенти русия Владимир Путин вориди Порис-пойтахти Фаронса мешуд. Песков гуфтааст, ки мебоист дар ҷараёни ин сафар чорабиниҳое аз қабили ифтитоҳи маркази руҳонияти рус ва намоишгоҳ баргузор мешуданд. “Мутаассифона, ин чорабиниҳо аз барномаи сафар уфтодаанд”,-гуфт Песков. Вале вай сабаби инро шарҳ надод, балки гуфт ин суолро ба ҷониби Фаронса бояд дод.

Кохи Елисейи Фаронса низ ин хабарро тайид кард. “Субҳи имрӯз Кремл ва кохи Елисей бо ҳам иртибот доштанд. Порис аз Маскав даъват кард, ки президент Путин дар мавзуъи буҳрони Сурия ба Фаронса сафар кунад ва чорабиниҳои дигар, ки бояд бо ширкати Олланд баргузор шаванд, лағв гарданд.

Аммо дар посух Кремл сафари Путинро лағв кард”,- хабар дод дафтари матбуотии президент Олланд. Ҳадафи даъвати президенти Русия гуфтушунид сари буҳрони Сурия буд. Вале чун вазъ дар баъзе нукоти ин кишвар, бахусус Алепо хеле буҳронист ва созмонҳои байналмилалӣ Русияро ба куштори сартосарӣ дар ин шаҳр муттаҳам мекунанд,

Путин тасмим гирифт бо ҳар баҳона аз ин сафар даст кашад ва онро то оддитар шудани вазъ мавқуф гузорад.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?