Абдунабӣ Сатторзода

Абдунабӣ Сатторзода 27 - уми феврали соли 1941 дар деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Баъд аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа аз соли 1954 то соли 1958 дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент дарс хондааст. Сипас ба ДДТ ворид гардид, онро соли 1963 ба анҷом мерасонад.

Аз соли 1963 то соли 1993 дар ДДТ аввал ба сифати лаборант, баъд аспирант, устоди кафедраи адабиёти классикии тоҷик ва мудири ҳамин кафедра ифои вазифа намудааст. Дар ин фосила як муддати муайян мудири шӯъбаи танқиди адабии маҷаллаи "Садои Шарқ" (нашрияи Иттифоқи нависандагони тоҷик) (1967-1968), командири қисми ҳарбии 3408 Вазорати умури дохилаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (1969 - 1971) ва докторанти Донишгоҳи Москва (1970 - 1980), устоди Пуҳантуни Кобул (1985 - 1987) буд.

Сатторзода доктори илмҳои филологӣ ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Миқдори мақолаву рисолаҳои илмӣ ва адабиаш аз 160 адад зиёд буда, дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон, аз он ҷумла дар Эрон, Афғонистону Амрико, Шветсия, Русия, Қазоқистон, Озорбойҷон, Украина, Ӯзбакистон ва ғайра нашр шудаанд.

Абдунабӣ Сатторзода аз ҷумлаи 10 нафар аз муассисони ҲДТ (10 августи соли 1990) мебошад ва аз ҳизби мазкур дар музокироти сулҳи байни тоҷикон (1994 - 1997) намояндагӣ мекард. Нақши ӯ дар шомил гардидани ҲДТ ба ҷараёни музокирот ва боқӣ мондани он дар ҳайати ИНОТ калон аст, зеро маҳз Сатторзода буд, ки ба намояндагӣ аз ҲДТ зери санади сарнавиштсози "Пешниҳодҳо дар бораи ҳалли мусолимматомези низои низомӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон" (7 декабри соли 1993) имзо гузошт ва санади мазкур асоси музокироти таърихӣ миёни ИНОТ ва ҳукумати Тоҷикистон гардид. Аммо солҳои охир, хоса пас аз интихоботи парлумонии соли 2000 -ум Сатторзода, мисле, ки аз узвият дар ҲДТ канор рафт.

Аммо фаъолияти Абдунабӣ Сатторзода ба ҳайси узви зеркомиссияи сиёсии КОМ муассир ва назаррас буд. Ҳамзамон мавсуф ба сифати сиёсатмадор ва донишманд дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат менамояд. Ӯ дар дар чандин конфронсу семинарҳои илмии умумиҷумҳурӣ ва байналмиллалӣ гузоришҳо дошт.

Абдунабӣ Сатторзода аз соли 1993 иштироккунандаи доимии муколимаи тоҷикон дар чаҳорчӯбаи конфронси Дартмут якҷо бо сиёсатшиносон ва дипломатҳои варзидаи амрикоӣ ва русӣ мебошад. Сатторзода тибқи саҳмияи сӣ дар сада 17-уми марти соли 2000 ба вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ таъин гардида буд.

"Мантиқан мебоист, ки кишварҳои минтақа пас аз анҷоми бобарори раванди сулҳ дар Тоҷикистон барои ҳалли низоъҳои дохилӣ ва хориҷии хеш аз ин таҷруба истифода мекарданд. Лекин афсӯс, ки ин тавр нашуд. Баръакс, онҳо дар ҳалли низоъҳои мавҷуда ва навзуҳур тавре рафтор мекунанд, ки гӯё аз таҷрубаи сулҳи Тоҷикистон бехабаранд ва усулеро пеш мегиранд, ки нодуруст буданашон кайҳо, аз ҷумла дар раванди сулҳи тоҷикон, ба исбот расидааст. Маълум мешавад, ки кишварҳои минтақа бар он боваранд, ки роҳи аз ҳама муносибу мувофиқ ва санҷидашуда дар муносибат бо ҳарифони сиёсӣ ҳамоно истифода аз зӯр ва қудрати давлат аст. Барои онҳо роҳи муколамаву музокира бо мухолифон, бо тарафи муқобил ва даргир, аз як тараф, душвор ва дарди сари зиёдатӣ намояд, аз тарафи дигар, гӯё онҳоро дар назари ҳарифонашон заъиф ва нотавон вонамуд хоҳад кард. Ин иштибоҳи маҳз аст. Зеро муколимаву музокира, муросову мадоро бо ҳарифон, тарафи дигар агарчи дар ҳақиқат чандон осон нест, ягона роҳи дурусту рост мебошад ва ҳаргиз нишонаи аҷзу нотавонӣ нест. Зеро сулҳу оштӣ кори далерон ва оқилон аст" навишта буд ӯ.

Профессор Сатторзода яке аз тартибдиҳандагони маҷмӯаи санадҳои "Пайки Оштӣ" (Душанбе, 1998), тарҷумони "Меморандумҳо ва эъломияҳои муколамаи тоҷикон дар чаҳорчӯбаи Конфронси Дартмут" (Москва, 1997) ва китоби Ҳ. Сандерс ва Г. Чуфрин "Раванди сулҳи омма дар амал" (Душанбе, 1998, Дипломатияи муосири тоҷик (2006) (бо Талбак Назаров) аст.

Мавсуф донандаи забонҳои русӣ ва ӯзбакӣ буда, ба забони англисӣ мехонад ва сӯҳбат мекунад.

Абдунабӣ Сатторзода барои хизматҳои арзандааш дар барқарории Сулҳу субот дар кишвар бо фармони Президенти Тоҷикистон бо ордени "Шараф" мукофотонида шудааст.

Copyright @2016 TojNews