Ғолиб Ғоибов

Ғолиб Ғоибов 10-уми октябри соли 1944 дар ноҳияи Мӯминободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна як сол дар вазифаи муаллим дар мактаби деҳа кор карда, соли 1962 ба Шӯъбаи арабшиносии Университети Давлатии Тоҷикис­тон дохил мешавад. Донишгоҳи мазкурро соли 1967 бо дипломи аъло хатм намуда, сипас ба аспирантураи АИ ҶШС Тоҷикистон дохил мегардад. Мавсуф баъди анҷоми хизмати яксола (1967-1968) дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ ИҶШС таҳсилро дар аспирантура ва корро дар Шӯъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ идома дод. Дар солҳои 1972-75 дар Ҷумҳурии Ироқ ба сифати мутарҷими забони арабӣ кор карда, баъди бозгашт ба сифати корманди илмӣ дар Институти шарқшиносӣ адои вазифа менамояд.

Ғоибов Ғ. дар соли 1980 рисолаи ном­задиро дар мавзӯи “Ҳуҷумҳои барвақтии арабҳо ба Осиёи Миёна” ҳимоя карда, соҳиби унвони номзади илми таърих мешавад. Пас аз он ӯ дар давоми солҳои 1985-1988 ба сифати мутарҷим дар Ҷумҳурии Ямани Демократӣ фаъо­лият карда, баъди бозгашт дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ боз фаъолиятро идома медиҳад.

Соли 1995 фаъолияти Ғоибов Ғ. каме тағйир меёбад ва ӯ ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба кор мегузарад. Мавсуф аз соли 1996 то аввали соли 2004 ҳамчун сардори шӯъбаи Кумита ва соли 2004 ба ҳайси раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда­аст.

Ғоибов Ғ. аз охири соли 2004 то ибтидои соли 2007 ҳамчун корманди пешбари илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ фаъолият мекард. Баъдан, мудири Шӯъбаи арабшиносии Институт таъин мегардад, ки то дами марг дар ин вазифа кор мекард.

Муаллифаи 14 китобу рисолаҳо мебошад, ки дар нашриётҳои мухта­лифи ҷумҳурӣ ба табъ расидааст. “Мухаммад ибн Муса ал-Хорезми” (1983), “За­воевание Хорасана” Ахмада ибн Йахйа ал-Балазури (1987), “Ранние походы арабов в Среднюю Азию” (1989), “Шаҳри Кӯлоб дар асри XVI” (1998), “Таърихи Ҳисори Шодмон, Чағониён ва Душанбе” (1999) аз зумраи навиштаҳои Ғоибов мебошад.

Дар бораи фаъолияти ҳизби ифротии “Таҳрир” низ таҳқиқот гузаронда, “Ҳизби таҳрир чӣ мехоҳад” китобчае бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбакӣ ба табъ расонд. Зимнан, ба ба муносибати ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дар соли 2006 асари калонҳаҷми ӯ “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз” («Дониш», 2006, 906 с.) чоп шуда буд.

Мавсуф 8-уми январи соли 2016 аз дунё даргузаштанд.

Copyright @2016 TojNews