Исфандиёри Назар

Исфандиёри Назар бидуни тардид аз мондагортарин шоирони муосири тоҷик аст. Аз зумраи шоироне нест, ки тавқи чоплусиву дастнигарӣ бар гарданашон часпидааст. Сухану ҳарфашро, мавқеву ҳадафашро ҳеч гоҳ асири синаи танг накардааст. Ошкор мегӯяд, ҷасорати хоси худро дорад. Осораш далел бар он аст, ки болотарин ашъори иҷтимоии даврро мегӯяд.

Болотар аз ин ҳама, ҳамчун шоир аз мардум ва дарди ҷомеа ҷудо нест. Фарзанди замони худ аст. 

Шоир Исфандиёри Назар 25-уми ноябри соли 1971 дар оилаи хизматчӣ, дар рустои Дарғи ноҳияи Айнии (Фалғар - аз тавобеи Бухорои шариф) вилояти Суғд, ба дунё омадааст. Ногуфта намонад, ки аз ҷонибдорони баргардондани исми Фалғар бар маснади пешинааш мебошад.

Соли 1989 мактаби миёна ва соли 1996 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ҳанӯз дар замони донишҷӯияш маҷмӯаи нахустини ашъораш зери унвони "Руҷӯи Исфандиёр" соли 1993 ба расид. Баъдан, маҷмӯаҳои шеърии "Маро супору бирав", "Як сока ребос", "Ёдгори хуну хокистар", "Аз маъбари тӯфон", "Эй шеър", "Ҳамхуни Деваштич", маҷмӯаҳои насрии "Пули ҳаром", "Тӯмори хунин", "Нахл дар мурдоб"-ро ба чоп расондааст.

Як зумра тадқиқотҳое гузаронда, нашр намудааст. Аз ҷумла,  рисолаҳои тадқиқотии "Шеъри шоир таронаи қудсист", "Дарғи шариф - таърихи мухтасар", "Ду ҷашни бузурги миллӣ: Наврӯз ва Меҳргон", "Наврӯзи Дарғ", "Бо лаҳҷаи дарғӣ"-ро нашр намудааст. Ҳамчунин, силсилаи дурдонаҳое аз тасаввуфро зери унвони "Ҷоми гетинамой" (Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ), "Боғи чашм" (Имодиддин Насимӣ), "Арӯси ғунча" (матни интиқодии девони Шоҳии Сабзворӣ), таҳияи матни классикии "Дақоиқ-ул-ахбор ва маноқиб-ул-аброр", "Манзараи марг", "Пас аз марг чиро мебинем?" ва ғайра ба талошу заҳамоти ӯ ба чоп расонидааст.

Алоқмандии хосе ба ашъори адибони саршиноси муосири адабиёти форсӣ дорад. Ин аст, ки бо ибтикори ӯ соли гузашта (2012) девони комили ашъори шоири баландноми эронӣ Симини Беҳбаҳониро зери унвони «Як доман гул» ба чоп расонд, ки фарогири ашъори 9 китоби шеърии ӯянд.

Исфандиёри Назар фаъолияти рӯзноманигории бособиқае дорад. Ба ҳайси сардабири ҳафтаномаи "Ҳамроз", "Сипар" ( Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон), "ИмрӯзNews" – ягона рӯзномаи Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Як муддат сардабирии ҳафтаномаи мустақили фарҳангии "Дишидак"-ро ба уҳда дошт. Ҳоло дар рӯзномаи “ИмрӯзNews" фаъолият дорад. Ашъораш бо забонҳои русӣ ва арабӣ ва хатти форсӣ (дар Афғонистон) ба чоп расида, намунаи ашъораш дар кутуби дастаҷамъии шоирони форсигӯй дар Эрон ва ғайра нашр шудаанд.

Шоирро пеш аз ҳама бо шеъраш мешиносанд. Намуна аз ашъори Исфандиёр:

ҒАЗАЛЕ ХУНИН

Аз ту то мо ҳамаи фосилаҳо сангин аст,

Рухи роҳ аз вараму обилаҳо рангин аст.

Сахт сардам, танам аз сардии худ меларзад,

Гарчи айёми фиребоии фарвардин аст.

Бе ту танҳоии худро ба чӣ кас мӯя кунам?

Ҳаҷми қалби ҳама кас дар назарам пуркин аст.

Осмон бар сари мо марсияи сабз бувад,

Оби Варзоб ба наъши ману мо такфин аст.

Сари мо ташнадилонро бибурид мисли Ҳусайн Боязиди ватану гуфт: Сиёсат ин аст!

Пуштаҳо обилафарсо шуда аз гӯрканҳ,

Оҳ, имсол фусули кафану тадфин аст.

Ҳилайи чоҳканӣ дар раҳи Рустам нав нест,

Дар ниҳоди ману ту анъанаи дерин аст.

Бӯйи хун мерасад аз зӯзаи сагҳо ба машом,

Кист тафсир кунад?

Чашми кӣ воқеъбин аст?

Қатра-қатра зи тани хеш чу хун мерезам,

Вожа то вожа бубинед, ғазалам хунин аст.

ШЕЪРИ ХУБЕ КУ?

То паёми омаданро аз ту, эй фасли шукуфтан, бар ман орад боз

Аз тани сабзи дарахтон, доркӯбе ку?

Панҷаи гелоси ҳавлии падар холист аз овои заргулдор,

Шохсори пайкари ман зери барф аст,

То таконад дасти хуршед аз танам ин барф, чӯбе ку?

Зери поям ҳарчӣ мебинам пур аз барг аст, пӯсида,

Бӯи аҷсоди алафро медиҳад ин хок,

Хашми тӯфон бар сари нопокиҳо бодо,

Хошарӯбе ку?

Ашки хунини Фарангис аст дар домони афлок,

Офтоб дар мазҳаби худ - шайхи побарҷост.

Он зи гиристан намонад, ин зи ҷояш барнамехезад, ғурубе ку?

Буфи кӯре шеър мехонад ба гӯши шаб,

Ман ба худ мепечаму бар рӯд мегӯям:

Ҷуз тулӯи моҳ бар пешонии шаб шеъри хубе ку?

ТАРОНАИ РАФТАН

Эй сукути тиллоии шабҳо,

Ки ман умре туро парастидам.

Меравам аз канори ту хомӯш,

Аз ҳама кас зи баски ранҷидам,

Ту маро лаҳзае ба ёд овар.

Бо чунин ишқи сода, ишқи пок,

Гаҳ мукаррам шудам, гаҳе бадном.

Меҳрубоне, ки меҳрубонам буд,

Лутфи худро расонд бар анҷом,

Зор мондам миёни ин маъбар.

Кӯчаҳо, кӯчаҳои шаҳри азиз,

Дидаед шодаму гаҳе ғамнок.

Бурдаедам шумо канори ёр,

Мебаредам шумо канори хок,

Мекунед рафтани маро бовар? Он, ки умре ба хотири ишқаш,

Менишастам тамоми шаб бедор.

Риштаи меҳрубониро барканд,

Аз мани хаста, аз мани ночор,

Меравам аз канори ӯ музтар.

Саҳари босафои шаҳристон,

Ки мукаррам туро шуморидам.

Боз кун бори дигар оғӯшат,

Ки туро бо Худо супоридам,

Меравам ман, чӣ гӯямат дигар?

Тути пири канори ҳавлии модар,

Меҳрубону соягустарам будӣ.

Мезадам сангату будӣ хомӯш,

Дар ҳалимӣ чу модарам будӣ,

Меравам, аз гуноҳи ман бигзар!

Нома ба вазир

Монда ғамгину зору танҳо ман,
Чӣ кунам бо ғамони дунё ман?

Шаш ҷиҳат душманиву бадхоҳӣ,
Аз кадомаш бигӯям ин ҷо ман?

Эй вазир, эй вазири ин кишвар,
На ту фарриву не Аҳуро ман.

Бад нагуфтам туро, бадам гуфтӣ,
Шоирам ман, на аҳли иғво ман.

Нестам аз табори Чингизхон,
Ҳам ба Темур набудам ошно ман.

Айнӣ бо ҷурми ман нашуд зиндон,
Насупурдам ба Чин ҷоро ман.

На вазирам, ки бо ту варзам бухл,
На ниҳони ту кардам ифшо ман.

Ба чӣ ҷурмам намудаӣ тӯҳмат,
Ба ту, ки хар накарда савдо ман?

Ба Худо аз ту мебарам шиква,
Ба Худое, ки ҳаст Якто, ман!

Ҳеч донӣ, кӣ кушт Туғралро?
Фалғарӣ кушт, донам инро ман!

Ту маро ҳам ба номае куштӣ,
Ба касе бад накардӣ, илло ман.

Ту ба мансаб, ба мансабат нозӣ,
Ба қалам ман, ба хатти туғро ман.

Ман Ватан гуфта, бо Худо нолам,
Ту ба худ ноливу Ватанро ман.

Аз ғами ҳамватан, ки муздур аст
Бо кадом вожа гӯям оё ман?

Дар Ватан то ба кай наёбад кор,
Пеши кӣ қад кашам ба даъво ман?

Ҳайф, муздур гаштану он гаҳ
Даъвии «ҳастам ориёно ман»!

З-ин ҳама шӯълаҳои ғам, к-афтод
Сӯхтам оқибат саропо ман.

Аз нигоҳи Ватан назар кардам,
Аз нигоҳи Ватан ба дунё ман.

Нестам ман ҳақиру бемаъво,
Ҳастам аз дудмони Доро ман.

Бо Куруши Кабир менозам,
Мекунам фахр бо Ависто ман.

Будаам аз табори Фирдавсӣ,
Будаам ҳамнажоди Сино ман.

Пас, чаро, эй Ватан, ба ҷурми кӣ,
Бошам ин ҷо ба хорӣ расво ман?

Роҳ не, раҳзани ту бисёр аст,
Эй Ватан, будаӣ чунин то ман?

Ин яке роҳи ту кунад шахсӣ,
Дигареят фурӯшад, аммо ман:

Бо ту будам ҳамешаву бошам,
Бо кӣ бошам? Агар наӣ бо ман.

Аз бурун баста роҳи ту кӯчӣ,
Аз дарун соҳибат – дареғо, ман.

Шабу рӯз аз ғами ту менолам,
Дар миёни ҳазор ғамҳо ман.

Ашк дар чашми ман наметобад,
Баскиям аз табори дарё ман.

Чанд бо зулми хасми ту созам,
Назанам гар ба саффи аъдо ман?

Чанд хомӯшу лол биншинам,
Бо забоне, ки ҳаст гӯё ман?

Чанд худро ба карӣ андозам,
Дар миёни ҳазор ово ман?

Аз ҳақиқат чӣ гуна пӯшам чашм,
Бо ду чашме, ки ҳаст бино, ман?

Ин қадар зулм, ин қадар тавҳин,
Чун нагӯям аз ин фаҷоё ман?

Баршавам ҳамчу ҷадди худ Кова,
Ки ба банд орам аждаҳоро ман.

Ҳамчу Лоҳутӣ дар ҳама ҳолат
Шеъри худро намоям иншо ман.

Чун Зарафшон ғирев бардорам,
Ки расам боз то Бухоро ман…

Ба куҷо мерасад вале золим,
Ба куҷо мазлуму Худоё, ман?

5-6-уми феврали соли 2012
Душанбе-Айнӣ-Душанбе

Copyright © 2015 TojNews