Маҳмадрӯзӣ Искандаров

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, яке аз чеҳраҳои шинохтаи демократ дар Тоҷикистон имрӯз ба синни шасту чор қадам гузошт.

Вай 3-уми майи соли 1954 дар ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омадааст. Аз ҷумлаи шинохтатарин чеҳраҳои ҳизби демократ аст ва ҳамзамон аз маъруфияти волое миёни ҳамҳизбонаш бархӯрдор аст. Искандаров замоне зимоми роҳбарии Ҳизби демократро ба уҳда гирифт, ки ин ҳизб дар ҳоли пош хӯрдан қарор дошт.

Маҳз вуруди Искандаров ба майдони сиёсат ҳизбро аз гирдоби як нобудӣ ва аниқтараш марги сиёсӣ наҷот дод. Искандаров тавонист барои муддате ба интригаҳои дохилиҳизбӣ хотима диҳад ва аз як нерӯи пошхӯрдаи сиёсӣ ҳизби талошгар дар интихобот бисозад.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар солҳои ҷанги ҳамватанӣ дар даст силоҳ дошт, сарварии як гуруҳи муҷоҳидон бар уҳдаи ӯ буд. Шояд аз маъдуд демократҳое буд, ки ҳам кори сиёсӣ кард ва ҳам низомӣ. Баъди имзои созишномаи сулҳ қатори садҳо ҳамсилоҳонаш силоҳ ба замин гузошт, касе буд, ки созиши сулҳро дар аввалин дақиқаҳояш пуштибонӣ кард.

Муддате Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда буд, рутбаи генералиро ҳам ба он хотир гирифт. Вале баъдан аз вазифа сабукдӯш шуд, аниқтараш кумитаро ба вазорат табдил доданд ва ба ҷойи ӯ Мирзо Зиёевро вазир таъин карданд.

Бо фармони Президент раиси “Тоҷикгаз” таъин шуд ва то охирин лаҳза, ки дар Душанбе буд, дар ҳамин вазифа кор мекард. Ин ду таъинот ихтилоф миёни мухолифони давлатро зиёд кард, Маҳмадрӯзӣ Искандаров ошкоро аз сиёсатҳои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ интиқод мекард ва ҳатто мегуфт, ки “Нурӣ ҳамаи моро фурӯхт”.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров миёни мухолифон ба фошгӯӣ ва шуҷоати бемислаш маъруфият дошт, вале ин фошгӯӣ ва ин сарсахтӣ оқибат пойи ӯро ба зиндон кашид.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров бо интиқодҳои тундаш аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон муносибаташро ҳатто замоне, ки созишномаи сулҳ то ҷойе риоя мешуд, хадчадор кард. ҳатто вай замоне бо ҳукумат сахт дар ихтилоф шуд, ки соли 2003 ҳизбаш ҳамапурсиро барои тағйири Конститутсияи кишвар таҳрим кард.

Соли 2004 Прокуратураи генералӣ ӯро ба терроризм, эктремизм, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва чандин ҷинояти дигар муттаҳам кард ва парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Ин буд, ки Искандаров ба Русия паноҳ бурд.

Шояд муваққатан мехост он ҷо бошад ва сипас ба ягон кишвари дигар равад. Вале дар Русия аз ҷониби хадамоти махсуси ин кишвар боздошт гардид. Соли 2005 аввал ӯро расман озод карданд, вале ҳамагӣ чанд рӯз баъдаш дар шаҳри наздимосковии Королев аз ҷониби шахсони номуайян рабуда шуд ва ба Душанбе истирдод шуд.

Ҷомеаи байналмилалӣ ҳам боздошти Искандаров дар Русия ва истирдоди ӯро ғайриқонунӣ медонад. 5 октябри соли 2005 Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро ба муҳлати 23 сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум сохт.

Аммо ҳарчанд суд ӯро ба иттиҳоми терроризму эктремизм маҳкум ба зиндон кард, ӯро дар дохилу хориҷ зиндонии сиёсӣ ном мебаранд, чун ягон айби эълоншударо ӯ қабул надорад. Дар баҳори умри шастучорсолааш ӯ ҳамоно дар кунҷи зиндон аст.

Наздиконаш ҳамоно ҳам чун дар авфҳои пешин умед ба озодии ӯ доранд.

Copyright @2018 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?