Марямбонуи Фарғонӣ

Нависанда, шоир ва рӯзноманигор Марямбонуи Фарғонӣ 11-уми ноябри соли 1956 дар деҳаи Ровони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ба дунё омадааст.

Соли 1977 баъди хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ чанде дар мактаби зодгоҳаш дарс гуфтааст. Соли 1984 ба Тоҷикистон омада, дар Маркази методии Вазорати маориф ба ҳайси методисти калон ба фаъолият оғозидааст.

Аз соли 1989 ҷиддан ба кори рӯзноманигорӣ пардохтааст. Дар нашрияҳои “Паёми Душанбе”, “Садои мардум”, “Адабиёт ва санъат”, “Фирӯза”, “Истиқбол”, “Омӯзгор” ва радиои Ҷумҳурии Исломии Эрон “Садои Хуросон” кор кардааст.

Марямбонуи Фарғонӣ ҳанӯз аз солҳои мактабхонӣ ба навиштани лавҳаву ҳикояҳо оғоз карда буд. Аз ӯ то имрӯз ба дасти ҳаводорони каломи бадеъ осори насрӣ мураттаб аз қиссаву ҳикояҳо таҳти унвонҳои “Афсонаи тамаддун”, “Ҳадиси Риштон”, “Хуморшикан”, “Чаҳор қисса”, “Шаҳболи хаёл”, “Таманно” ва ду дафтари шеър бо номҳои “Исои ман шав” ва “Нури ахтарпораҳо” расидаанд. Чанде аз қиссаву ҳикояҳояш аз тариқи маҷмӯаҳои дастҷамъӣ низ интишор ёфтаанд.

Маҷмӯаи нисбатан комилтари ашъори Марямбонуи Фарғонӣ бо номи “Табъи гуҳаррез” дар дасти чоп аст. Адиба маҷмӯаи нави хешро ба дурҷе ташбеҳ медиҳад, ки лабрез аз гавҳари суфтаи сухан бошад.

Дар ҷодаи рӯзноманигорӣ бештар ба мавзӯи худшиносии миллӣ даст мезанад. Марямбонуи Фарғонӣ аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифи ҶТ буда, барои нахусткитобаш “Афсонаи тамаддун” ба Ҷоизаи адабии байналмиллалии ба номи Борис Пастернак (1995) ва барои маҷмӯаи “Шаҳболи хаёл” ба дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2013) шарафёб гардидааст.

Инчунин дорандаи “Нишони сухан”-и ИН Тоҷикистон, нишони “100-солагии матбуоти тоҷик” мебошад. Узви Иттифоқи журналистон (1992) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996) аст.