Обид Шакурзода

Шахсе, ки дар рӯзноманигорӣ ва пажуҳиши осори ниёкон баробар муваффақ аст.Бахусус, нашри интиқодии “Гулистон”-и Шайх Саъдӣ бо ин фасоҳату балоғат дарТоҷикистон маҳз бо талошу заҳамоти ӯ рӯйи чоп омад.

Обид Шакурзода 3-юми феврали соли 1956 дар деҳаи Худгифи Сояи Кӯҳистони Мастчоҳ,дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи 10-и ноҳия таҳсил кардааст ва соли 1978 бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон хатм кардааст.

Фаъолияти кории худро аз  мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз намуда, муддати ду сол дар ин айём ба кори тарҷумонӣ дар  Кумитаи Марказии комсомол ҷалб шуда ва маъмурияте ба Афғонистон ҳам доштааст. 

Аз соли1985 то 1989 муҳаррири Кумитаи радио ва телевизион, солҳои 1989-1990 муовини сардабири ҳафтаномаи “Ойинаи зиндагӣ”, ҳудудан се соли дигар (1990-1992) хабарнигори Хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон (ИРНО) дар Душанбе буд. Баъдан,шаш сол дар шаҳри Проги Ҷумҳурии Чех зист ва хабарнигори радиои Озодӣ/Аврупои Озод буд.

Баъди бозгашт боз ҳам ба фаъолияти рӯзноманигории худ идома дод. Муддате муҳаррири масъули ҳафтномаи “Нерӯи сухан” ва аз соли 2006 то 2010 котиби масъули Созмони мустақили “Рӯзноманигорони озод ва дифоъ аз ошкорбаёнӣ” буд. Аз соли 2011 то ин дам муҳаррири пешбари Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик аст ва дар таҳияи ҷилдҳои 2,3 ва 4-и Энсиклопедияи миллии тоҷик саҳм дорад.

Обид Шакурзода бо адабиёти пурғановати форсу тоҷик, бахусус “Бӯстон”-у “Гулистон”-иШайх Саъдӣ, “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ва ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз тавассути волидонаш ошно шуд. Дар муқаддимаи китоби “Гулистон”, ки ду сол қабл интишор ёфт, ба ин мавзуъ ишора карда ва гуфтааст, ки омӯзишҳои аввалини ӯ дарсҳои ҳикмати падари барзгараш буд, ки бо вуҷуди олим набудан ошноии комил боСаъдиву Ҳофиз дошт. 

Аввалин очерку хабару гузоришҳояш дар нашрияи ноҳиявии “Машъал”, рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Тоҷикистони советӣ”, “Маориф ва Маданият” солҳое интишор ёфтаанд, ки дар мактаби миёна таҳсил мекард. 

То ҳол касоне, ки намоишҳои солҳои 80 ва аввали 90 асри гузаштаи телевизиони тоҷикро ёд доранд, ба барномаҳое чун “Оҳанги зиндагӣ”, “Рангоранг”, “Ҷаҳоннамо” ишора мекунанд, ки Обид Шакурзода якҷо бо журналистони маъруфи он замон, мисли Бобоҷон Икромов таҳия мекард ва онҳо аз пурбинандатарин барномаҳои телевизионикишвар буданд. 

Ба таҳияи матни классикӣ охири солҳои 80-и асри гузашта пардохт ва бори аввал“Қассас-ул-анбиё” бо талоши ӯ аз хати форсӣ ба срилик баргардон ва дар маҷаллаи“Фарҳанг” чоп шуд. 

Муддати якуним соле, ки дар Ҷумҳурии исломии Эрон зист бо Доиратулмаорифи Адаби Форсӣ(таҳти сарпарсатии доктор Ҳасани Анӯша) ҳамкорӣ намуда, пиромуни адабиёти форсии Мовароуннаҳр чандин мақола ба табъ расонид. Ҳамчунин ду китоб – “Қуръонва табиъат. Гузашта ва ояндаи ҷаҳон аз нигоҳи Қуръон” (навиштаи Беозори Шерозӣ) ва “Ҳиҷоб. Масоили Ҳиҷоб” (асари Муртазо Муттаҳаррӣ)-ро ба хати срилик баргардонид, ки дар Теҳрон мунташир ва ба хонандагони тоҷик дастрас шуданд.

Обид Шакурзода ба тарҷумонӣ низ дасти расо дорад, як силсила ҳикояҳои нависандаи маъруфи рус Антон Чеховро баргардон ва дар матбуоти кишвар мунташир кардааст. Умдатарин кори тарҷумонияш китоби “Сайри олами шоҳмот” (аз русӣ, муаллифон Ю. Авербах ва М. Сейлин) мебошад, ки соли 1991 тавассути интишори “Адиб” мунташир шудааст ва зимнан таҳриру такмили дубораи ин асар бо номи “Сайре дар қаламрави шатранҷ” акнун аз сӯи интишороти “Маориф” дар дасти чоп аст.

Обид Шакурзода пиромуни забони форсии тоҷикӣ, масоили мубрами забон ва адабиёти тоҷик чандин баррасиҳо низ дорад, ки дар матбуоти тоҷик чоп шудаанд. Аммо кори арзишмандтарини ӯ таснифи китоби “Шарҳи “Гулистон”-и Саъдӣ”-ст, ки соли 2014 онро интишороти “Адиб” ба зевари чоп кашид. “Гулистон”-и Шайх Саъдӣ, бинобар баррасиҳои донишмандон, нахустин асарест, ки аз ҷониби Шакурзода ба таври мукаммал, бо шарҳу тавзеҳот ва бар пояи охирин шарҳҳои Саъдипажӯҳони маъруф ба хонандагони форсигӯйи Варорӯд пешкаш шудааст.

Обид Шакурзода оиладор ва соҳиби чор фарзанд, ду писар ва ду духтар мебошад.

Copyright @2016 TojNews