Шариф Раҳимзода

Шояд, аз ҷумлаи муваффақтарин соҳибмансабони ҳукумат бошад.

Аз он ки таҳсилкарда дар риштаи молия ва хатмкардаи чандин курсҳои тахассусӣ дар мамолики пешрафтаи аврупоист, ба низоми бонкдории пешрафтаи байналмилалӣ хуб ошност.

Ва як омили зина ба зина боло рафтан дар мансабу вазифаҳо ва комёб гардидан дар аксар маврид маҳз ҳамин таҳсилоти фарогир дар риштаи иқтисод ва бонкдорист.

12-уми марти соли 1959 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Шариф Раҳимзода соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленинро бо ихтисоси «Молиёт ва қарз» хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз ассистент (коромӯз) дар кафедраи молиёт ва қарз оғоз гардидааст.

Соли 1986 аспирантураро дар Донишкадаи маскавии молиёт хатм намуда, баъдан, курсҳои бонкӣ-молиявиро дар  Австрия, Бритониёи Кабир, Сингапур, ИМА, Ҷопон ва Туркия хатм кардааст.

Аз соли 1989 ба кори системаи бонкӣ гузаштааст ва муддати як сол сардори раёсати "Тоҷикжилсотсбонк" будааст. Ва муддати се соли дигар дар вазифаи ноиби президенти Бонки фаъолиятҳои берунииқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз 2-юми феврали соли 1993 ба Дастгоҳи иҷроияти президенти Тоҷикистон ба кор гузаштааст ва баъди муддате мушовири калони сарвари давлат оид ба сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ будан, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардидааст. 

Дар ин вазифа то 1-уми октябри соли 2001 кор кардааст ва баъдан, раиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Аммо дар ин курсӣ ҳамагӣ чанд моҳ кор кардааст.

Шариф Раҳимзодаро лозим омадааст, ки зинаҳои гуногуни кори дипломатиро низ тай кунад. Аз корҳои бонкдориву молия ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, роҳбари Намояндагиҳои Тоҷикистон дар Созмонҳои аврупоии ЮНЕСКО ва НАТО таъин градидааст.

Солҳои 2002-2006, ҳамзамон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса буд.

Аз кори дипломатӣ соли 2006 фаро хонда шуда, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст, ки дар ин вазифа то замони раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардиданаш (соли 2008) кор кардааст.

Муддати чор сол, баъди Муродалӣ Алимардонов, сарварии Бонки миллӣ ба ӯҳдаи ӯ буд ва 24-уми январи соли 2012, дар ҷараёни тағйиротҳои кадрӣ дар Ҳукумати кишвар, бо Фармони президент вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Соли 2015 дар интихоботи парламентӣ аз ҲХДТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вакили парламенти Тоҷикистон интихоб шуд. Дар рӯйхати ҳизбӣ дар мақоми 12-уми қарор дошт.

Корманди шоистаи Тоҷикистон ва дорои рутбаи дипломатии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, оиладор ва соҳиби 2 фарзанд аст.

Copyright © 2015 TojNews