Шарифҷони Учқурғонӣ

Яке аз маъруфтарин тоҷикон дар Қирғизистон, шоири соҳибкитобу соҳибдевон ва инсоне, ки вуҷудаш барои сокинони маҳаллоти тоҷикнишин ифтихор аст. Ӯ Шарифҷон Абдураззоқов мебошад, ки бо номи Шарифҷони Учқурғонӣ маъруф шудааст. 

16-уми декабри соли 1930 дар деҳаи пурсафои Учқӯрғон, ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодкан дида ба олам кушодааст.  Аввал омӯзгор будааст ва аз соли 1958 то соли  1962  дар вазифаи муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Барақи мусобиқа”, ки бо ташаббуси котиби якуми КМ ҲК Қирғизистон Исҳоқ Раззоқов ба забони тоҷикӣ ташкил шуда буд, кор кардааст.

Дар соли 1962  ба кори омӯзгорӣ баргашта, то соли 1991 дар мактаби миёнаи ба номи устод Айнӣ забону адабиёти тоҷик ва  ӯзбекро ба шогирдон дарс дод. Ҳоло бошад машғули эҷоди асарҳои наву тозааш мебошад.

Аз соли 1997 то имрӯз панҷ маҷмӯаи ашъори ӯ ба чоп расидаанд. Китобҳои ин шоири хушсалиқа “Панди падар”, “Таҷрибаи рӯзгор”, “Замони ман” дар миёни хонандагони Қирғизистону Тоҷикистон маҳбубият пайдо кард.

Охирин маҳфили шеъри Шарифҷони Учқурғонӣ муаррифии китоби охиринаш бо номи “Ашъори вопасин” буд, ки бо ибтикори Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ доир гардид ва дар он гуруҳи калони алоқамандони шеъри тоҷик, намояндагони парламенти Қирғизистон, мақомоти вилояти Бодкан ширкат намуданд. Инчунин дар ин маросими ҷолибу гуворо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ва намояндагони Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё “Пайванд”  ҳузур ёфтанд. 

Шоири халқии Қирғизистон, раиси Ҷамъияти дӯстии Қирғизистону Тоҷикистон  Омор Султонов ба китоби охирини Шарифҷон Учқурғонӣ бо ин ҷумлаҳо сарсухан навиштааст: “Офариниши шеър кори ҳар кас нест. Балки он ҳадяест, ки Офаридгор барои инсон арзонӣ медорад. Шеър ба мисли нурест, ки роҳро рӯшан менамояд. Накӯӣ сумбул ва асли ашъор аст .Ин дар навбати худ рамзест, ки инсон дар ҳама давру замонҳо расидан ба пояи накӯиро орзуи ҷовидонии худ қарор додааст. Барои ман, ки тамоми умр бо шахсиятҳои машҳури Тоҷикистон, мисли устод Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ, Гулрухсор Сафиева робитаи дӯстӣ доштаам, он чиз хурсандиовар мебошад, ки ҳамшаҳриам, сокини сарзамини зебои Бодкан, ба забони Рӯдакии бузург шеър эҷод менамояд. Дар як вақт Шарифҷони Учқӯрғонӣ равону зебо ба забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ низ асар менависад. Бовар дорам, ки чунин шахсиятҳо на танҳо фахри Қирғизистон, балки ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд”

Шарифҷони Учқӯрғонӣ узви Иттиҳодияи нависандагони Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошад. Ӯ аълочии маорифи Қирғизистон аст. Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 11-уми июли соли 2003 бо медали “Барои хизмати шоиста” сарфароз гардид. Дар соли 2007 бо медали тиллои Фонди хайрияи ба номи А. Фирдавсӣ мукофотонида шуд.

Фарзандонаш Баҳодурҷон Абдураззоқов - сарҳанги мустаъфии идораи амнияти Қирғизистон, Миродил Абдураззоқов - консули генералии Ӯзбакистон дар Мазори Шариф, Мавлонҷон Абдураззоқов - тоҷири муваффақ ва ҳомиву пуштибони мактабу маорифи тоҷик дар Қирғизистон ва сармоягузори ҳамаи китобҳои падараш аст. Музаффар Абдураззоқов-муҳандис аст ва ду духтари ӯ омӯзгори мактабҳои тоҷикии Учқурғон мебошанд.

Copyright @2015 TojNew