Шарифӣ Азамшо Латифзод

Шарифӣ Азамшо Латифзод 12-уми майи соли 1958 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Соли 1980 шӯъбаи арабшиносии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии ба номи А. Жданови шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург)-и Федератсияи Русия, соли 2001 курсҳои дипломатии кӯтоҳмудати Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Арабро хатм кардааст. Донандаи хуби забонҳои русӣ, арабӣ ва англисӣ мебошад.

Фаъолияти кориашро соли 1980 дар вазифаи тарҷумони забони арабии Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ ИҶШС дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Яман оғоз кардааст. Солҳои 1983 – 1986 дар Китобхонаи илмии марказии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар вазифаҳои китобшинос, китобшиноси калон ва мудири бахши толори иттилоотӣ кор кардааст.

Аз соли 1986 то анҷоми соли 1990 – сартарҷумони гурӯҳи мушовирони Шӯрои Вазирон ва сипас тарҷумон-референти Иттиҳодияи “Зарубежгеология” дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Яман буд.

Пас аз бозгашт ба Ватан ба дастгоҳи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор пазируфта шуда, солҳои 1991 – 1993 дар вазифаҳои мутахассиси пешбар ва сармутахассиси Шӯъбаи иттилоот ва тарҷума кор кардааст.

Моҳи ноябри соли 1993 дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба кор мегузарад. То соли 2000-ум ба ҳайси котиби сеюм, котиби дуюм ва котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон кор кардааст.

Солҳои 2000 – 2004 – котиби якум ва сардори Раёсати кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷӣ, солҳои 2004 – 2008 – мушовир – фиристодаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон буд.

Соли 2008 Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин гардида, солҳои 2010 – 2011 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Сафир оид ба супоришҳои махсус кор кардааст.

Солҳои 2011-2014 ҳамчун Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, Мудири Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ифои вазифа намудааст.

Аз моҳи ноябри 2014 то январи соли 2016 дар вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Ҳамкории Исломӣ фаъолият дошт.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2016 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ таъин гардид.

Рутбаи дипломатии Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори дараҷаи II ва рутбаи тахассусии Мушовири давлатии дараҷаи II -ро дорад, бо ордени "Дӯстӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, падари 3 фарзанд мебошад.

Copyright @2016 TojNews