Шералӣ Абдулқайсов

Шералӣ Абдулқайсов 15-уми апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар оилаи хизматчӣ тавваллуд шудааст.

Соли 1968 баъди хатми мактаби миёнаи №8-и қишлоқи Дерзуд ба институти педагогии ба номи Тарас Шевченко ба факултаи санъат ба шӯъбаи актёри театри драмма ва кино дохил шуда, соли 1973 онро бо мувафақкият хатм мекунад ва бо роҳхати Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон ба театри Академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба кор қабул карда мешавад ва то имрӯз дар сари кори эҷодист.

Аз соли 1973-74 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хидмат кардааст. Оиладор, соҳиби се фарзанд ва шаш набера.
Дар муддати 36 сол дар репертуари театр самаранок банд буда, барои рушди санъати театрии ҷумҳурӣ хизмати арзишманде кардааст.

Дар зиёда аз 16 озмуну фестивалҳои чумҳурӣ ва байналмиллалӣ иштирок карда, мукофоту ҷоизаҳои фаровоне гирифтааст.

Аз 31-уми майи соли 1991 ба унвони ифтихории Ҳунарманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф мегардад. Аз сентябри соли 2007 бо фармони президенти Тоҷикистон ба унвони олии Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон сарфароз мегардад.
Рӯйхати мухтасари нақшҳои офаридааш дар театр:
1. «Алломаи Адҳам»-и С.Улуғзода - проффессор Пашков.
2. «Ревизор»-и Гогол- Лука Лукич.
3. «Лавҳаи инқилобӣ»-и Шатров- Долгов, Керресподент РосТА.
4.«Интихоби домод»-и Ҳ.Содиқ - Азимов.
5.«Найи сеҳрнок»-и Ф.Тошмуҳаммедов- Аҷузкампир.
6. «Шер, рӯбоҳ ва ангур»-и Ш.А- Эзоп.
7. «Эдип»-и Софокл- Тирессий.
8. «Ромео ва Ҷулйетта»-и В.Шекспир- Капулетта.
9. «Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н.Абдулло- Асад.
10. «Отелло»-и В.Шекспир- Отелло.
11. «Искандар ва спитамен»-и Абдураҳмонов- Гефистион.
12. «Куҷо равонаем»-и Н. Абдулло- Асад.
13. «Дон Жуан»-и Молийер- Дон Жуан.
14. «Темурмалик»-и М. Бахтӣ- Чиғатойи Чингизхон.
15. «Зардушт»-и Н.Табаров.- Ҷомосп.
16. «Тахти Султон Маҳмуд»-и Ш. Солеҳ- Абдунаббӣ.
17. «Кабки қафас»-и Т. Зулфиқоров- Амир Темур.
18. «Зуҳури Сӯҳроб»-и Ф. Умаров- Ковусшоҳ.
19. «Бой ва батрак»-и Ҳамза- Ғаффур.
20. «Раъду барқ»-и Цао Юй- Пу Чжоу.

Аз 21-ум то 1-уми майи соли 2006 дар фестивали театрҳои Закавказия дар шаҳри Алан бо намоишномаи «Кабки қафас»- Тимур Зулфиқоров иштирок карда, соҳиби ҷоиза гардидааст.

Соли 2007 дар фестивали байналхалқии ОСТ-ОРДО-и шаҳри Бишкек барои иҷрои нақши Амир Темур аз намоиши номбурда соҳиби ҷоизаи нақши беҳтарини мардона шудааст.

Нақшҳои офаридааш дар кино:
1. «Марди роҳ»- Нуралӣ (тоҷикфилм).
2. «Субҳи ҷавонии ман»- Қарашир (тоҷ /ф).
3. «Айёми алафҳои бегона»-Алиназар (тоҷ/ф).
4. «Ал-Бухороӣ»- Амир (тоҷ-узбек/ф) .
5. «Тӯҳмат»- Соҳиб (тоҷ/ф).
6. «Пой»- Муфаттиш. (мос/ф).
7. «Падари маҳтобӣ»- Акбар.( НТВ-Олмон-Шветсар/ф) .
8. «Мусофир»- Норбой, (тоҷ/ф).
9. «Дафни гургона»- Падар, (тоҷ/ф).
10.«Шукрона»- Соҳиб, (Эрон/ф).

Асарҳои таҳиякардаи ӯ:
1. «Шер, рӯбоҳ ва ангур» Ш. А. Моноспектакл аз рӯйи масалҳои Эзоп, т. Лоҳутӣ.
2. «Табаралӣ ба Япония меравад» Ш.Солеҳ, т. Лоҳутӣ.
3. «Вақти дуохонӣ» Ҷ Қуддус, т. Лоҳутӣ.
4. «Бобои барфӣ, Аҷуза ва ёрони ӯ» Ш. А. т. Лоҳутӣ.
5. «Ѓирев» Аз Шоҳномаи А.Фирдавсӣ, Донишкадаи санъат.
6. «Харобот» С.Айюбӣ, Донишкадаи санъат.
7. «Харобот» С.Айюбӣ, т. Халқии ш. Турсунзода.
8. «Пилтапеч» Т. Маҳмадмурод, филми телевизионӣ Т.В. 1.
9. «Имтиҳон-2007» Ф.Ансорӣ, Донишкадаи санъат.
10. «Новеллаҳои Чехов»- Донишкадаи санъат.

Аз соли 1996 муаллими калони ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода буда, аз соли 2009 вазифаи дотсент, мудири кафедраи маҳорати актёриро ба ӯҳда дорад.
Шогирдонаш дар кумитаи Давлатии телевизион ва радиои Ҷ.Т, театри Лоҳутӣ, Аҳорун кор карда истодаанд.

Дар матбуот гоҳ-гоҳ мақолаҳои мубоҳисавӣ - тадқиқотиаш ҷоп мешаванд, аз қабили: «Ба оянда тӯр меандозем», «Чеҳраи боофарин», «Зинаҳои камолот», «Театрҳои халқиро ҷонибдорӣ бояд кард», «Талоши ҳастӣ» «Ҷавҳари ранги обӣ» ва ғайра.

Соли 2007 дар ҳамкорӣ бо иттифоқи варзишгарон ва актёрони Тоҷикистон бо кӯмаки ташкилоти «НОРЕ» ва бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба рушд, UNTOP, бо нияти мубориза бар зидди бемории сил ва ВИЧ/СПИД аз рӯйи асарҳои Н.Абдухамедов ва А.Қодирова «Будан ё набудан», «Зиндагӣ ҷовидона нест», «Хаёти дубора» намоишҳо таҳия кардааст.

Соли 2008 бо кӯмаки аташея оид ба фарҳанги сафорати Фаронса ва мадади ташкилоти МОМ аз рӯйи асари С.Айюбӣ «Муҳоҷират» ва асари А.Ш. ва А.Фарзона «Аз ғуломӣ раҳоӣ ҳаст» намоишҳо таҳия кардааст.

Ҳамзамон дар ташкил ва таҳияи намоишҳои омавӣ-идонаи давлатӣ аз қабили 15-солагии истиқлолияти Ҷ.Т ва 80-солагии пойтахт-Душанбе фаъолона иштирок кардааст.

Соли 2005- ум ба ҳайси саррежиссёр намоиши идонаи 80-солагии ВМБК-ро таҳия карда сазовори унвони «Табааи ифтихории ш.Хоруғ» гаштааст.
Мақолаҳои ба табъ расида :
1. Тӯр андохтан. «Адабиёт ва санъат». № 19. аз 12.05.88
2. Роҳи нав «Маданияти Тоҷикистон». 01.10.1982.
3. «Бобои барфӣ, Аҷузкампир ва ёрони ӯ». Пиесаи якпардагӣ. Ш.А. 1989 г
4. Ҳунармандони мардумро даст бигирем «Адабиёт ва санъат». №46 аз15.11.1990.
5. «Тӯҳфа» (сенировка) Карл Маркс. Ш.А. 1991 г. ТВТ
6. Чеҳраи боофарин. «Адабиёт ва санъат». № 13 – 14 аз 5.05.2000
7. Ибратомӯзанд бар ман қуллаҳо. «Адабиёт ва санъат». № 33-34. аз 22.09.2000
8. Ҷавҳари оби рангӣ «Адабиёт ва санъат» 26.07 02 №29-30 (1116.)
9. Талоши ҳастӣ «Садои мардум» . аз 20. 05.2004
10. «Аз ғуломӣ раҳоӣ ҳаст». Хотирот аз як бахш. Ш.А. 2008 г.
11. Дастури методии «Камолоти ҳунар» (ба ёрии устодони фанни маҳорати актёрӣ), ДДСТ баноми М.Турсунзода.
12.Рӯзе чанд дар ҳалқаи дӯстон «Адабиёт ва санъат». 03.12.09.№49 (1500). 13. Ориёӣ дар саҳнаи тоҷик». «Адабиёт ва санъат». 19.08.10.№33(1536)
14. Фестивали Хуҷанд «Адабиёт ва санъат».17.06.2010. №24.(1527).
15. Назаре ба намоишномаи «Ғирев». «Адабиёт ва санъат». 04.02.2010 №5 16.«Ҳушдор барои иттиҳоду ягонагӣ» Ҷумҳурият.24.07.10. №92 -93.(21 753-754).
17. Дод аз дасти ақл. Театри ба номи А.Лоҳутӣ. Кафедра.
18. Тамошои «Шов-шов»-и ноҳинҷор. Кафедра. Мусоҳибаҳо :
19. «Бедареғ сӯхтан ҳам саодат ҳаст. «Адабиёт ва санъат» № 35 аз 2.09.99.
20. «Барои ҳунарпеша унвон зарур нест». Ҷавонони Тоҷикистон № 62 аз 9.06.92.
21.«Садои омадани илҳом» Садои мардум №87 аз 1.08.2006.
22. «Шерҷоиза» Чархи гардун № 32 аз 11.08.2006.
23. «Таъхири мо таҳқири ҳунар ҳаст» «Адабиёт ва санъат» № 11 аз 12.03.2004.
24. «Поддержите таланты, а бездари сами пробьются» Вечерный Душанбе №22 ( 342).
25.«Таббассуми Шер». «Аддабиёт ва санъат». 11.05.90. № 19.
26. «Кабки қафас». «Тоҷикистон». № 16 (642).20.04.06.
27. «Овози Самарқанд». 06.08.91. № 95 (237).
28. «Biele noci». «Nove slovo». 26.06.83.
29.«Зинаҳои камолот». «Комсомоли Тоҷикистон» 16.10.83. №124.(7220).
30. «Дар талоши озодӣ». «Адабиёт ва санъат». 01.03.84. №
31. «Рӯҳи исёнгар». «Ҳақиқати Қурғонтеппа». 24.03.83.№ 58.(1360).
32. «Талант қирралари». «Совет Тожикистони». 03.12.83.
33. «Ғирев». «Ҷаҳони паём». № 28. (360). 05.07.07.
34. «Бобо будан шараф аст». «Муҳаббат». №35 (043). 27.08.10.
35. «Дилбохтаи касбу ҳунар». «Паёми Душанбе». 22.09.10.№74(1523).

Copyright © 2016 TojNews