Бонувони норинҷипӯши Душанбе ҷодаҳоро аз барф тоза мекунанд

25-уми феврал барои аз барф тоза кардани роҳҳои шаҳри Душанбе бонувони норинҷипӯш сарфи назар аз сардии ҳаво дар хиёбонҳо машғули кор буданд.

Ин аксҳо аз шаҳри Душанбе бардошта шудааст, ки бонувони норинҷипӯш, ки бештарашон пойафзоли резинӣ дар пой доштанд, ҷодаҳои шаҳри Душанберо аз барф тоза мекарданд.

Ҳар сол бо боридани барфу ба кӯчаҳо рехтани бонувони норинҷипӯш, ки гӯё онҳоро Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе “фариштаҳои субҳ” номидааст, ин суол бештар сари забонҳо мешавад, ки оё дар ягон пойтахти кишвари дунё модарон чунин ҳол доранд?

 

Copyright © 2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?