Баргузории маҳфили шабе дар осорхона: (ВИДЕО+АКС)

Шоми 18-уми май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили “Шабе дар осорхона”  баргузор гардид.

Дар доираи ин чорабинӣ дар саҳни осорхона намоиши мӯди сару либоси миллӣ,  барномаи консертӣ тавассути ҳунармандони шинохтаи кишвар, аз ҷумла шашмақомнавозон ва гурӯҳҳои эстрадӣ гузаронида шуд.

Иқдоми “Шабе дар осорхона” аз соли 2013 инҷониб ҳамасола дар ҳамин рӯзҳо гузаронида мешавад ва дар ин рӯз ворид шудан ба Осорхонаи миллии кишвар аз 18:00 то соати 23:00 ройгон мебошад. 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?