“Бе мураббӣ...” Чаро падар ба рӯи ҳарифи писараш шаппотӣ зад?

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштии тарзи озод миёни наврасон ва ҷавонон муррабӣ Ҷамшед Абдуллоев ба рақобати фарзанд ва шогирдаш мудохила карда, ба рӯи ҳарифи писараш бо шаппотӣ мезанад. Ҳодисае, ки ба гуфтаи мутахассисон дар мусобиқаҳо нодир буда, муррабӣ ҳуқуқ надорад, ки вориди гилеми мусобиқа шавад.

Мусобиқаи ҷумҳурявии гӯштии озод 21-23-юми август дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст. Муҳаммадазиз Юнусзода ва Муҳаммадамин Абдуллоев ду рақибе ба ҳисоб мераванд, ки борҳо вориди сабқат шудаанд. Мегӯянд, ки қаблан Муҳаммадазиз аз Исфара дар сабқатҳо ҳамеша ғолиб меомад.

Рақобати охири онҳо дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ боис ба дахолати падари Муҳаммадамин, ки ҳамзамон муррабиаш мебошад, анҷом меёбад. Ҷамшед Абдуллоев вориди майдон шуда, ҳарифи писарашро бо шаппотӣ зада, аз фарзандаш дур мекунад.

Наздикони Муҳаммадазиз Юнусзода, гӯштингири 14-сола аз шаҳри Исфара мегӯянд, ӯ ҳангоми бозӣ каме монда буд, ки писари Ҷамшед Абдуллоевро шикаст диҳад, аммо дахолати Абдуллоев боис ба қатъи мусобиқа шуд.

Дар як наворе, ки дастраси TojNews шуд, дида мешавад, ки ин варзишгар писари Абдуллоевро ба ҳолати “купрук” (мост) оварда, кӯшиш мекунад, ки тахтапушти ӯро ба замин хобонад. Аммо дар ин ҳангом Муҳаммадамин овози имдодталабонае мебарорад ва Ҷамшед Абдуллоев ба майдон баромада, аввал, тарафи довар таҳдид мекунад, сипас, ба шаппотӣ ба рӯи Муҳаммадазиз мезанад.

Муҳаммадазиз Юнусзода баъди шаппотӣ хӯрдан бо дасташ рӯяшро маҳкам дошта, аз майдон берун меравад. Наздикони Юнусзода нисбат ба ин амали Ҷамшед Абдуллоев ба ШКД-2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят кардаанд, то ахирӣ барои ин кораш ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Мураббӣ Абубакр Қосимов мегӯяд, ки Ҷамшед Абдуллоев нисбат ба варзишгари наврас Муҳаммадазиз хусумати дерина дошта, маҳз барои ҳамин дар миёни издиҳом чунин рафтор кард. Амали Ҷамшед Абдуллоевро ин муррабӣ аз Исфара “амали авбошона” меномад. Баъди ин ҳодиса падари Муҳаммадазиз гуфтааст, ки минбаъд ба ширкати фарзандаш ба мусобиқот дар шаҳри Душанбе иҷозат нахоҳад дод, зеро аз муносибати Ҷамшед Абдуллоев ҳарос дорад. Абубакр Қосимов аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тақозо дорад, ки нисбат ба мусобиқот назоратро пурзӯр кунанд, то ба чунин бадрафториҳо ҷой дода нашавад.

Лейтенанти калони милитсия Қурбоналӣ Хоҷаев, корманди ШКД-2-и ноҳияи Сино тасдиқ кард, ки нисбат ба ин ҳодиса таҳқиқотро шурӯъ карда, баёноти ҷонибҳоро гирифта, Ҷамшед Абдуллоевро ба бозпурсӣ даъват карда буд. Хоҷаев аз қавли Ҷамшед Абдуллоев мегӯяд, ӯ ба эҳсосот дода шуда, ба ин амал даст задааст. “Ин амали Абдуллоев ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда, дар ҳолати тасдиқ шудани гуноҳаш ҷарима хоҳад шуд. Танҳо баъди расидани натиҷаи ташхиси тиббӣ маълум мешавад, ки амали Абдуллоев дар асоси кадом модда татбиқ мешавад”, - мегӯяд Хоҷаев.

Росту дурӯғ

Дар ҳамин ҳол, Абубакр Қосимов, устоди Муҳаммадазиз мегӯяд, қаблан дар Фестивали кӯдакон дар моҳи майи соли равон шогирдаш писари Ҷамшед Абдуллоевро шикаст дода буд ва дар мусобиқаи 22-юми август бар рақибаш бартарӣ дошт:

- Шогирди ман Муҳаммадазиз аз зарбаи Ҷамшед Абдуллоев захм бардошт. Вақте аз Абдуллоев сабаби ин рафторашро пурсон шудам, ки ӯ нисбти ман низ ҳақорату дашномҳои қабеҳ карда, таҳдиди лату кӯб кардан кард.

Аммо Ҷамшед Абдуллоев ин иддиоро рад карда, мегӯяд, агар ба майдон баромада, ба бозӣ дахолат намекард, мумкин буд миёни писараш шиканад. Ҳатто ба рӯи Муҳаммадазиз бо шаппотӣ заданашро рад карда, гуфт, ӯ онҳоро халос карда, рақиби писарашро танҳо тела додааст. Ба гуфтаи Абдуллоев, доварро дар он ҳолати хавнок зарур буд, то бозиро ба ғайр аз ҳуштак кашидан бо даст боздорад, зеро ин варзишгарон хеле ҷавонанд:

- Довар дар чунин ҳолат баъди ҳуштак кашидан бояд бо даст варзишгаронро аз иҷрои усулҳои хавфнок бозмедошт, зеро дар ҳолати “купрук” хатари шикастани миёни варзишгарони наврас зиёд аст, устухони онҳо мулоим мебошад. Дар он бозӣ ман онҳоро халос кардам, агар ман намебаромадам, мумкин буд миёни писарам шиканад. Дигар инки Муҳаммдазиз аз писари ман 2 сол калон аст ва дурӯғ ӯро дар протокол соли таваллудашро 2003 навишта ба бозӣ даровараанд, ҳол он ки соли таваллуди ӯ 2001 аст.

Ҷамшед Абдуллоев, ки худ устоди варзиш ва чемпиони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, ба майдон ворид шуда, ба мусобиқа дахолат карданашро чунин тавзеҳ дод:

- Ҳамчун мураббӣ метавонам латта партоям, лекин вақте вазъ хавфнок шудан ман ҳақ дорам, ки ба майдон ворид шавам. Чун ин бача калон аст, мардум фикр мекунанд, ки ӯ чи қадар зур аст, ки писари маро қариб мағлуб кард.

“Купрук”

Аммо мутахассисон амали Ҷамшед Абдуллоевро маҳкум мекунанд. Маҳмадшариф Сулаймонов, собиқ сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии самбо, дар шарҳи навори мазкур гуфт, варзишгарон ҳангоми бозӣ ягон камбудӣ накардаанд ва Ҷамшед Абдуллоев ҳамчун мураббӣ бояд ба ҷараёни бозӣ дахолат намекард:

- Варзишгари сурхпӯш ба ҳолати “купрук” (мост) қарор гирифта, кӯшиш дорад мағлуб нашавад. Варзишгари камбудпӯш кушиш дорад, то ӯро ба замин хобонда, ғалабаи соф ба даст орад. Муҳаммадазиз дар ҳолати лат додани гардани рақибаш набуд. Дар ин ҳолат мураббӣ бояд мунтазир мешуд, то довар дар ин бора чӣ ҳукм кунад. Аз нигоҳи қонунҳои варзишӣ мураббӣ ҳақ надорад, ки ҳангоми бозӣ ба гилеми гуштингирӣ ворид шавад. Ҳамаи ҳолатҳои дар дохил руйдодаро довар ҳал мекунад ва агар мураббӣ аз кори ӯ норизо бошад, метавонанд ба сардовар аз ин шикоят кунад, вале дар ҳеҷ ҳолат ҳаққи дахолат ба бозиро надорад. Барои дахолат ба бозӣ, таҳдид ба довар ва зарба задан ба рӯи рақиби шогирд, метавон варзишгарро барои чанд бозӣ маҳрум кард ё устоди ӯро ҷазо дод. Зеро дар ягон ҳолат мураббӣ ҳақ надорад ба рақиби шогирдаш зарар расонад, балки бояд шогирдашро хубтар таълим бидиҳад. Усули “купрук” (мост) метавонанд чанд сония ё дақиқа давом кунад. Зеро варзишгаре, ки дар ҳолати “мост” аст, намехоҳад пушташ ба замин расад, ҳарифаш бошад кӯшиш мекунад пушти ӯро ба замин хобонда, ӯро мағлуб созад.

Собиқ сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии самбо мегӯяд, ба варзишгари пурқувват бояд тан дод, зеро майдон аз далер аст ва ба сиёсату ҷанҷолу тарсонидан намешавад ғалаба кард.

- Агар дар дохили кишвар ҳам бо тарсонидан ғалаба ба даст орӣ дар мусобиқаҳои байналхалқӣ чӣ кор мекунӣ? Киро метарсонӣ? – хулоса кард Маҳмадшариф Сулаймонов.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Ага зур биё ма қатит гуштин мегирм судяи калон арматурақати да сарт мезанм шармадаи Тоҷикистон на конун на спорт
in hakikat jumshud budaj ku.ira aj kadom ogil kushoda ovardan.
Ээээ хайфи ту барин мурабби... исфарагихо варзишгарони хубанд, ба маглубияти писарат тан дех. лекин аз ин навор чунон кахрам омад, ки мехохам кати ту барин мураббии беодоб любой хел бишапам. , як бачахаки 13 солара мезани ??? ман аз ту 20 сол хурдам хохи катит "як ба як" мебаром, ............
Абдуллоев, Аввалаш ин ки ту хеч гох чемпиони Иттиходи Шурави набуди. Дуюмаш ин ки на бачаат гушгингир асту на худат мурабби.
подавуни бемаданияти говчарун ин одам чихел чемпиони шуравӣ шудааст?!
ман ин хел мурабиро бори якум мебинам баъд мурабии мухамадазиз кучо буд ки 4 шата дар дахани ин мард занад
Якум ин ки ин кадар дилат ба писарат месузад ягон намуди варзиши дигар ба бар вайя! Гуштин барои мардхо аст ! Дуюмаш ту Абдулоев ягон бор чепион шудаги нести! Сеюм ин ки ин варзиш аст хар кор шуданаш мумкин!

Шояд шумо суол ё назаре доред?