“Гурбаи ғазабнок” соҳибашро миллионер кард

“Гурбаи ғазабнок”-и як пешхизмати амрикоӣ дар муддати 2 сол ба ҳисоби соҳибаш 64 млн. доллари Австралия фоида овардааст.

Соҳиби “гурбаи ғазабнок” Тебато Бондсони 28-солаи амрикоӣ, ки дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Морентони иёлати Аризонаи ИМА пешхидмат мебошад. Ӯ гурбаашро акс гирифта, сурати онро зери унвони “гурбаи ғазабнок” дар Интернет мунташир мекунад. Акс ба корбарони шабакаи интернет писанд меоянд.

Пас аз маҳбубияти аз ҳад зиёд пайдо кардани “гурбаи ғазабнок” теъдоди муштариёне, ки хостори шинос шудан бо онро доштаанд, хеле зиёд мешаванд.

Бинобар ин Тебато аз кори пешхидматӣ дар тарабхона даст кашида, ба посух додани онҳо аз тариқи интернет машғул мешавад.

Ҳатто як ширкати амрикоӣ дар бораи зодрӯзи ин “гурбаи ғазабнок” зери унвони “Бадтарин ҷашни зодрӯзи “гурбаи ғазабнок” як филми синамоӣ таҳия мекунад.

Сипас чандин ширкатҳои тиҷоратӣ ба хотири рекламаи маҳсулоти худ аз аксҳои “гурбаи ғазабнок” истифода мекунанд.

Ба ин васила даромади ду солаи соҳиби “гурбаи ғазабнок” аз даромади баъзе ҳунармандони Голливуд ба мисли Никол Кидман, Кэмерон Диаз, Митт Дэймон ва дигарон бештар шудааст.

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?