Нашри навори боздошти майори милисаи тоҷик бо маводи мухаддир

Дар интернет навори боздошти майори милисаи тоҷик бо маводи мухаддир дар Қирғизистон мунташир шуд.

Дар навори мазкур, ки имрӯз 4-уми март мунташир шуд, дида мешавад, ки ду шаҳрванди Тоҷикистонро кормандони мақомоти Қирғизистон боздошт карда, дар дохили мошин онҳо маводи мухаддир мусодира мекунанд.

1-уми марти соли равон Хадамоти давлатии назорат бар маводи мухаддири Қирғизистон хабар дода буд, дар вилояти Бодканд ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми ворид кардани 36 кг маводи ҳашиш ба ин кишвар боздошт шуданд.

Дар дасти яке аз боздошшудҳо ҳуҷҷати майори миллитсияи ВКД-и Тоҷикистон мавҷуд аст. Ҳамроҳ бо ин майор ҳамчунин як сокини 45-солаи шаҳри Душанбе низ дастгир кардаанд, - мегӯянд мақомоти ин кишвар.

Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти кӯтоҳ дар робита ба боздошти корманди ВКД бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Қирғизистон гуфт, ки “ин нафар Иброҳимов Муродалӣ, собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ буда, бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №30 аз 9-уми феврали соли 2016 бинобар кирдори иснодоваранда, паст задани шаъну шарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мунтазам вайрон намудани интизоми хизматӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шудааст”.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

миллатро ба рузе расунде ки ҳатто қирғиз ҳам таҳқирмон мена
ин бечора ба фикрам нахзати буд!!!
Куда бл... смотрят пограничники, таможня и наконец гаи которая почти на каждом повороте. Как можно пропустить машину незамечая такие большие сумки

Шояд шумо суол ё назаре доред?