Навор: Ди Каприо ҷоизаи “Оскар”-ро дар тарабхонае фаромӯш кард

Ҳунарманд Леонардо Ди Каприо ҷоизаи “Оскар”-ашро дар яке аз тарабхонаҳои Ҳолливуд фаромӯш кардааст.

Бино ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ, Леонардо Ди Каприо баъди гирифтани ҷоизаи “Оскар” ҳамроҳ бо чанд тан дар тарабхонае гирифтани ҷоизаро таҷлил мекунанд. Расонаҳои амрикоӣ навореро аз TMZ нашр кардаанд, ки дар назди тарабхона бардошта шудааст.

Дар навор дида мешавад, ки ҳунарманд аз тарабхона зери ҳаёҳӯйи ҳозирин берун шуда, ба мошин менишинад дар дасташ ҷоиза дида намешавад.

Пас аз ин дар навор нафаре пайдо шуда, аз Ди Каприо мепурсад, ки “Ҷоизаро бо худ гирифтан намехоҳӣ?” Ҳунарманд посух медиҳад, ки онро ба Дэн – нафаре аз ҳамроҳонаш бидиҳад.

Расонаҳои амрикоӣ ҳадс задаанд, ки ҳунарманд ҷоиҳаро дар тарабхона фаромуш кардааст, яке аз кормандон ба Ди Каприо расонд.

Ҳунарманди машҳури синамои Амрико Леонардо ди Каприо ҷоизаи “Оскар”-ро барои иҷрои беҳтарин нақши нақши мард дар филми “Бархоста аз гур” гирифта буд.

Ин шашумин бор буд, ки номзадии ӯ ба ин ҷоиза пешниҳод мешуд, вале бори аввал онро ба даст овард. 

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Тарчумаи ачоиб неки "Бархоста аз гур" мешуд ки "САГЧОН" гуед

Шояд шумо суол ё назаре доред?