Таҳияи барномаи вижаи шикори гургҳо дар ноҳияи Ғончӣ

Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, барои таҳқиқи ҳамлаҳои гургҳо ба деҳоти навоҳии Ғончӣ як комиссияи махсус вориди амал шудааст.

Як манбаъ дар ҳукумати вилоят, ки нахост номаш зикр шавад, ба TojNews гуфт, пас аз нашри хабар дар сомонаи TojNews ҳукумати вилояти Суғд аз мақомоти ноҳияи Ғончӣ шарҳи масъаларо талаб кард. Маълум шуд, ки то ба имрӯз гургҳо ба таври дастаҷамъӣ дар ин ноҳия ҳудуди 100 саг ва теъдоди номаълуми моли хонагиро хӯрдаанд.

Ҳоло як комиссияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилоят ва ноҳия ба ҷамоатҳои Исмоили Сомонӣ ва Овчии ноҳияи Ғончӣ сафар карда, масъаларо таҳқиқ мекунанд. Бино ба манбаъи TojNews, бар асоси гузориши ниoоии ин комиссия барои ҷилавгирӣ аз хатари гургҳо ба молу ҷони мардум барои шикорчиён тир ва силоҳ ҷудо карда мешавад.

Сокинони деҳоти Басманда, Угук ва Овчӣ ба хабарнигори TojNews гуфтанд, ки сабаби беамалии мардум қонунгузории ҷорӣ аст, ки бино ба он, кӯштани гургҳо манъ шудааст ва сокинон аз хавфи муҷозот шудан ба гургҳо тир намекушоянд. Ба қавли онҳо, милтиқҳоои шикории мардумро мақомот ҷамъ карда гирифтаанд.

Дар як ҳафтаи охир бо сард шудани ҳаво бедодгарии гургҳо дар баъзе деҳоти ноҳияи Ғончӣ, дар шимоли Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст.

Қаблан, сокинони ноҳия ба TojNews гуфта буданд, дар чанд рӯзи охир деҳоти Овчӣ, Угук ва Басманда гургҳо ба ин деҳот ҳамла карда, даҳҳо сагро куштаанд. Ба ҳисоби сокинон, дар ин се деҳа наздик ба 50 сагро гургҳо хурдаанд. Ба нақли сокинон, чунин ҳамлаи гургҳо дар фасли сармо ба ин деҳот бесобиқа будааст.

Як сокини ноҳия мегӯяд, ки “гургҳо шабонгоҳ вориди деҳот мешаванд, ки мардум аз тарс аз манзилҳояшон берун намешаванд. Аз он, ки чорвои мардум низ дар оғилҳо маҳкам аст, сагҳо ҳадафи ҳамлаи гургҳо қарор мегиранд”.

То ҳол хисороте ба молу ҷони мардум аз ҷониби гургҳо нарасидааст, аммо сокинон аз он нигаронанд, ки баъди сагҳо ин дарандаҳо ба чорвояшон ҳамла хоҳанд кард. Ба мушоҳидаи бархе аз сокинон дар гардани гургҳо гарданбанд дидаанд, ки ба эҳтимоли онҳо, шояд аз ягон мамнуъгоҳҳо берун шудаанд.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Бо пойхояшон часади сагро пастуруй кардан ин нишони бемаданиятист. Бигзор саг хам бошад, лекин чонвари худост.
Дар дехоти Помир хар руз гургхо 10-15 сари чорворо бемалол хурда мераванд. Хатто рузона омада хучум мекунанд. Агар дар Гончи хатари хамла ба чорво бошад, дар Помир хатар ба мардум пеш омадааст. мардум шомгохон берун баромадан метарсанд, шабона бошад, дехахо дар тасарруфи гургхо.
Ба Cалохиддин (не проверено) Акаи Салохидин пас деха дар мухосираи гургон бошад фавран бо пентагон гуфтугу хохад кард барои амалиётхои хавоии ин кишвар хамкориро ба рох монда дехаро аз мухосираи гургон озод хохад кард. Созмони милали мутахид ин казияро пайгири дорад дар конфронси байналмлали баъд аз казияи Сурия ин дехаи ки гургон ба асир гирифтаанд дуюм казия мебошад...Чунки сарбозони руссия ба хотири ин деха дар асорати гургон буда фавран базаи харбии дар Кулоб бударо тарк кардаанд..

Шояд шумо суол ё назаре доред?