ВИДЕО: Суруди нави Нигина Амонқулова ва Дамирбек Олимов

Клипи нави Нигина Амонқулова ва Дамирбек Олимов, ду сарояндаи шинохтаи тоҷик пешниҳоди тамошобинон гардид.

Клипи мазкур аз тарафи "ҶМ Продакшин" таҳия шуда, қариб 6 дақиқа мебошад. “Ранҷидаӣ” суруда халқӣ буда, бар пояи оҳанги мавригӣ эҷод шудааст.

Сабти клипи мазкур асосан дар манзараҳои Искандаркӯл таҳия шудааст. Дар ин клип ҳамчунин Насиба Наимхонова, нахустин намояндаи Тоҷикистон дар даври 2-юми озмуни Miss Eco Universe иштирок кардааст.

Ин нахустин суруди якҷояи Нигина Амонқулова ва Дамирбек Олимов нест. Соли 2014 ин нафарон як таронаи мавригиро иҷро карда буданд, ки мухлисони зиёд пайдо карда буд. Инчунин моҳи ноябри соли гузашта Нигина Амонқулова ва Дамирбек Олимов дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон консерти муштарак баргузор карда буданд. 
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?