Вокунишҳои шадид ба филми “Тоҷикистон мунаққидонро дар дохил ва хориҷ шикор мекунад”

 Як гуруҳ аз ҷавонони тоҷик сабт ва намоиш додани филми “Тоҷикистон мунаққидонро дар дохил ва хориҷ шикор мекунад” маҳкум кардаанд.

Дар номаи ин гуруҳи ҷавонон, ки ба TojNews ирсол шудааст, гуфта мешавад, “сабт гардидани филми бисёр ҳам тааҷҷубовару нафратангез бо шарҳи умқи буҳрони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мо ҷавонони сарбаланд ва бонангу номуси миллати тоҷикро бетараф гузошта наметавонад.”

-Сабт гардидан ва мавриди баррасӣ қарор додани масоили арзиши ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи тоҷикон, дархости мухолифин аз ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, СММ ва САҲА вобаста ба  таҷдиди назар намудани масъалаи татбиқи ҳуқуқи башар дар ҷомеаи мо, ворид намудани ислоҳот ва ҷорӣ намудани таҳримҳо вобаста ба ин масъала ба шаъну шараф ва ғурури миллии мо номбардорони Ватан, ҷавонони ояндасоз таъсир расонид. Во мо ҷавонон ор аз он дорем, ки ҳаммиллатону ҳамзабонони мо ба давлату миллати хеш хиёнат карда истода, ҷомеаи озоду ором ва хонадони пур аз шодиву нишоти ҳар як миллати тоҷикро бо мақсадҳои нопоку ғаразнок ва сафсатаҳои хаёлӣ халалдор сохта истодаанд.

Муаллифони нома навиштаанд,  “давлати мо, давлати дар асл ҳуқуқбунёд, демократӣ, соҳибихтиёр ва дунявӣ буда, барои тамоми миллати тоҷик ҳуқуқу озодиҳо ва шароити арзандаи иҷтимоӣ кафолат дода шудааст.”

-Мо ҷавонон имруз хуб дарк менамоем, ки дар ҷомеаи мутамаддини тоҷик чӣ воқеоте рух дода истодааст. Ва вазъи воқеии кишвари моро чӣ таҳлукаву кушишҳои аҳкоми ғайр бо роҳҳои чоплусӣ, ноҷавонмардӣ, беиффатӣ, ноустуворӣ  ва ҳавасмандии моливу пулӣ халалдор сохта, нафарони аз ҷиҳати руҳиву равони носолимро ба ҳайси муфтхӯру ҳанноту хиёнаткор, мардумфиребу лагандбардор  ба гирдоби гумроҳӣ бурда истодааст. Агар саҳифаҳои таърихи миллатамонро варақгардон намоем, пай бурдан душвор нест, ки тоҷикон чӣ қадар фарзандони баору номус, ватанпарастро доро будаанд. Дар нишебу фарози рўзгори мардуми тоҷик саҳми онҳо хеле арзанда ва нотакрор аст. Маҳз диловарию мардонагии чунин нафарони миллатдўсту ватанпараст боис шуда, ки номи тоҷик, қадимтарин мардуми минтақа то имрўз вуҷуд доштаю аз саҳифаҳои таърих гум нагардадидааст,-омадааст дар изҳороти онҳо.

Ин гуруҳи ҷавонон аз мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар рафти ҷаласаи солонаи САҲА вориди толор шуданд, “хоинони миллат”, “ғофилону кӯрнамакон”, “гумроҳон”, “буздилон ва ноумедон”, “нодидабинон” ва ғайра ном бурда гуфтаанд, “мо ҷавонон нисбати шумо нафрат дорем!!!”

-Мо ҷавонон ба якдигар бовар мекунем дар симои якдигар дӯст, бародар, ҳамватан ва ҳамтақдирро мебинем, ваъда медиҳем, ки тамоми ватанфурӯшону хоинонро ноком мегардонем,-омадааст дар охири изҳороти ин гуруҳи ҷавонон.

Филми мустанади “Тоҷикистон мунаққидонро дар дохил ва хориҷ шикор мекунад” қаблан баҳси доғеро миёни намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони мухолифони тоҷик дар ҷаласаи САҲА ба вуҷуд овард. Ин филми мустанад аз ҷониби муҳаққиқони ҳуқуқи башари созмонҳои байналмилалииHuman Rights Watch ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ рӯзи 21 сентябр дар чаҳорчӯби ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава намоиш дода шуда буд. Дар пайи намоиш додани ин филм баҳсҳои сахт миёни намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони Ҳукумат дар хориҷ сурат гирифт. Ҳайати расмии Тоҷикистон 23-юми сентябр аз идомаи иштирок дар ҷаласаи солонаи САҲА даст кашид.

Ҳамчунин дар пайи роҳ ёфтани мухолифони Ҳукумати кишвар ба толори ҷаласаи САҲА дар Душанбе дар назди дафтари САҲА ҷамъомадҳои эътирозии мухолифони баргузор шуд. Гуруҳи ҷавонон аксҳои Муҳиддин Кабирӣ, Додоҷон Атовуллоев, Шарофиддин Имомовро оташ зада, ба дари дафтари САҲА сангпартоӣ карданд. Инчунин дар аксари донишгоҳҳои кишвар ҷамъомадҳои эътирозӣ муқобили иштироки мухолифони Ҳукумати кишвар дар ҷаласаи САҲА сурат гирифт.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?