Вокуниши Тӯраҷонзода ба "амалиёти антинаҳзат"

-A +A
Чоп кунедБа дигарон фиристед

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон, дар посух ба суоли яке аз муроҷиаткунандагони сомонааш гуфтааст, додани закот, ушр ва садоқот ба ҳизбҳои сиёсие, ки гароиши исломӣ доранд, беҳтар аз додани таом ба мардум дар хайру худоиҳо мебошад.

"Маҳмуд Р.", ки худро яке аз муридон ё мухлисони рӯҳонӣ ва сиёсатмадори маъруф муаррифӣ карда, ба Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода муроҷиат кардааст: “Ассалому алайкум. Устод, мешавад закот, ушр ё дигар хайротро ба ҳизбҳои сиёсии исломӣ, ки барои ислом хизмат мекунанд, дод?”

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ҷавоб ба ин савол гуфтааст: “...Бародари исломӣ, додани закот, ушр (даҳяки ҳосили зироат) ва садақот ба ҳизбҳои сиёсие, ки барои эълои калиматуллоҳ (ислом) фаъолият мекунанд, ҷоиз аст ва савобаш бештар аст аз додани таом ба мардум дар хайру худоиҳо.

Зеро онҳо дар таҳти калимаи "Фи сабилиллоҳ" (яъне дар роҳи Худо) дохиланд. Худо нигаҳбонатон бошад!".

Ин “фатво”-и рӯҳонии шинохта ва сиёсатмадори мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзҳои ахир сару садо дар атрофи суханронии бархе аз имомхатибони масҷидҳои кишвар зиёд шудаанд, ки бино ба нақли намозгузорон, дар хутбаҳои пеш аз намози ҷумъа гуфтаанд: "Ислом ба ҳеҷ ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ниёз надорад". 

Зимнан, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ягона ҳизби сиёсии динӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ аст, ки дар Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шудааст. 

Ҳафтаи гузашта баҳси яке аз рӯҳониёни ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо бахши ноҳиявии ҲНИТ дар мавриди "ислом ба ҳеҷ ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ниёз надорад" расонаӣ шуда буд.

Бино ба гуфтаи коршиносон, ин фатво ҷавоби Тӯраҷонзодаҳо ба амали ҳукумат нисбати ҲНИТ дар манотиқи гуногуни кишвар аст, ки дар расонаҳо "амалиёти антинаҳзат" ном гирифт.  

Назарҳо

Метарсам ки ин фатво ба чт зарарш бештар аст аз фоидаш. фоидаша факат хни ва турачонзода мебинанд... пул дихед ба хнит хайр куне ба хнит ... савоб мешад??????????????????
Ин фатво фарз (яъне додани закот ба хизб) нест ва ба ту таъсир надорад. Ту худат ягон бор дар умрат закот додаи? Гумон мекунам калимаи ушрро акнун шуниди.
Фитнаи навбатии турачонзода
Масчидхои имруза дар Точикистон мисли музей шудааст. Харчанд манорахояш сар ба фалаккашида бошанд хам ягон хайбати исломи надоранд. имом-хатибони масчид ранги актёрхои филмхои хинди ришхои тарошида дар сар салла дар гардан галстук, тамоман масхара карданд динро. хусусан хамми огои хочи хусейни хучандро бинам синкххои филми хинди пеши назарам меояд. барои хамин ба чои масчиду мадрасаву хамихели муллохоба хайр кардан пешрави хами хизбоба дастгири кунед сабобаш шояд зиёд бошад. зеро: хизби исломии точикистон мегуд духтархо ба мактаб бо сатр раванд имом хатибо мегуянд сатрашона кашанд, хизби исломи мегуяд мардона ришашонба хукумат чакка нашавад, саидмуккаррам мегуд, ки ним сантиметру як сантиметр карда монанд, боз чанд масалаи ба масчид рафтани баччагону ва хоказо. бинобар сад фоиз ман гуфтаи турачунзодаро дастгири мекунам
Анахамин ту барин Салимхои чалласавод худро мусулмони "асил" гирифта, Точикистонро кариб буд, ки ба вартаи нестй мерасониданд. Мусулмонй дар тозапушиву тозагуйиву тозадилй аст. Имруз ба хизбашон пул дех савоб гир, пагох ба ким чихо даст мезанй, ки Худо аз он нигах дорад....Суханхои Турачонзода хамон найрангхои солхои 91-92ро ба хотир меорад, аз ин ру бояд зиракии сиёсиро аз даст надихем бародарон. Акли худро кор фармоед!!!
Агар хама муллохо чаласавод бошанд, он гох ту баринхо нол-саводед. Мисли паранойик солхои 90-ум гуфтан нагир, хозир асри 21 шудааст. Агар дигар хизбхо ба дин зиддият нишон намедоданд ин фатво дуруст намебуд. Вале сад афсус, ки имрузхо тамоми чиновникхо кору борашон амали зиддиисломи. Худо хидояташон кунад. Омин.
Ана ҳамин ту барин косалесони ҳукумат танҳо як ҳарф доред. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳед. Якбора ошкортар бигу, ки банди ғуломииятонро аз даст надиҳед. Ҳамин зиракии сиёсӣ шумо ва хоҷагонатон аст, ки солона беш аз 1000 ҷасади беҷони мардикори тоҷик аз Русия меояд. Ана ҳамин зиракии сиёсии шумост, ки ними солл мардум дар сармову бадбахтӣ бебарқанд. Ана ҳамин зиракии шумо ва хоҷагонатон аст, ки тоҷик дар дунё қадру манзалате надорад. Ин афсонаҳои ҳазоруяк шабатро ба об гу ошно. ОНе, ки муҳаббати эълои калиматуллоҳ дар дил дорад аз ту ва хоҷагонат намепурсад ва закоташро ба онҷое, ки Худо гуфтааст медиҳад ва шумо пешравии исломро дида ҳасудиятон хеле боло рафта истодааст, мисли баланд шудани фишори хуни шахси гирифтори давленӣ.
вокеан устод Кози домулло дар баробари инки олим, факиҳ ҳастанд Мучтахиди бо чурат хам хастанд.. Худо дар хифзаш Турачонзодахо, ХНИТ ва хама мусулмонхор нигох дорад..
Аз суханонат маълум гашт,ки ту ягон одами ҳукуматии ҳасти ё чаплуси ҷанобонат.Вожаи зиракии сиёсиро аз даст надиҳен ин худ суханҳои ҷанобонат мебошад.Дуюм ин,ки мардумро аз солҷои 92 тарсондан ин шиори ҷанобонат мебошад,ки чоплусон ва пайравонашон дар ҳар баромадҳояшон аз ин шиорҳо истифода мекунанд.Тоҷикистонро ин шумо барин чоплусони ҳақиқатро намедидаги ва ҷанобонатон ба вартаи нести алакай кашонидаед.Дар мудати бист соли ҳукуматрониатон ягон пешравии барои ин мардуми хору зоргашта накардед.Ҳамин Русия агар ин мардума мисли Грузия муомила кунад,баъд мебини чи бар сари ту баринҳо меояд./// г
рост меги
Харйкунандагони азиз аввалан барои худ ва оилаи худ хайр кунед як шароти замонавиро дар хондонатон мухае кунед як дархат ё як порчаи хонадонатонро обод кунед. Нисбати Модаронат гамхор бошед як грам мавизу канд барои хешовандони мухточатон хайр кунед. Дар хонадоне баъзе аз худнамоишди ки худнгамо хастан фаромуш шудаст ранги канди сафед намешавад ки каме гизову либоси хонадонатнро муртам созеду баъд бакияи худро ба ХНИТ масраф кунед ин хизб мухточ ба хайри шумо нест бояд хиз шуморо барои неку хайр гамхори дар оила хамеша дар машварт бошад. Худ серу хамсоя гурусна худ худатро намоши медихву модари пират гизои хубе надорад магар ин хайр аст кизичон як фатвои 2013 колкесияи нав бете ку друст аст ё не???????????????????????
Сад дар сад устодро тарафдори бояд кунем
Шумо беаклед ё худро хамин хе нишон метдие???????? Ин одам мега, ки ба камбагал не, ба кашшок не, ба хешу таборат, бадару модарат не. рафта ба хизби сиёси хайру саховат кунед. пул тиед. шумо ин мардака ба авчи аъло бардоштед. Ин одам факат сиёсатбозӣя метона... офарин ба точнюс фахмидаст ки ин фатво чавоб ба хукумт аст вакте зихби нахзата фишор овардан ин одам фатвоя додаст. ман бовар дорам ин саволам худшон дар сайтшон монданд баъд чавоб додан... ино аз худо дида ба сиёсат дилбастаги доран... ман гуфтам хаволатон ба худо
И мааки Турачонзода тинч намешинад-да.Интихобот наздик омадестай, бояд ягон кораву нотинчира гардон кна. Мн намефахмум ба у чй намераса? Молу мулки зиёда давлат додут. Дамта бгиру худою расули худта бгу. Чй кор дорй ба хизбои сиёсй? Ага хами коммунисто ё ки ХХДТ эълон кнан мардум тамоми закотша мета. Неки ба фикрум намехохан.
Шоири бузург шер навистабуд барои шумо барин нодонхо , ХАР ,ЧИ ДОНАД ХУРДАНИ КАНДУ НАБОТ ОХУРИ ТАНГ БОШАДУ КУНЧИ ОАБОТ . Молу мулки зиёд давлат додут ,чи гап гуфтани дори? Барои ,чи зиди Уламои Машхури Точикон ин тавр сухан мегуи аз ХУДО ТАРС ,ва бидон ,ки хар шахсе ,ки зиди Мулло ва зиди Хочиёну ,Эшонон сухани бад ва фикри бад доранд он ,шахсон дар хонашон садои АЗОН вучуд гадорад ва кору каспи онхо майнушиву,зинокори ,ва даюсиро хам ба худ кабул доранд.
Дар як сухбате як пири барнодил изхор дошт, ки хар мусалмоне ки рузаву намозро манъ мекунад, баланд гуфтани азонро ичозат намедихад, таълими исломиро барои фарзандони мусулмон манъ мекунад ва барои намоз намозгузорандаро мучозот мекунад, чанозааш харом аст. Мехостам аз волохазрат Хочи Акбари Турачонзода бипурсам ки оё ин гуфта хакикате дорад? Агар чанозаи чунин одамон харом бошад пас такдири раиси кумитаи дин ва онхое, ки дари масчидхоро мебанданду азонро тарики баландгуяк манъ мекунанд ва чавононро аз масчид дур мекунанд ва ё барои дар чои чамъияти хондани намоз намозхонро чарима мекунанд, чи хохад шуд? Оё чанозаи онхо раво аст?
мо ъушр дихему закот худат заводу замину хонав фарзандота дар хорича хонон!!!!!!!!!!!
Аввалан ба фатвои устод Турачонзода сад дар сад тарафдорем. Дар вокеъ устод богайратанд. Дар холати дигар аз муфти Мукарам хохиш мекунем,ки фатвое содир кунаду закоту ушрро ба вазирону раисоне,ки умрашон кайхо аз нафака гузаштааст таксим карда диханд,то ки онхо курсиро барои чавонон холи кунанд.Ё инки ба ХХДТ диханд то аз муаллимхои бечора мачбуран аъзопули наситонанд.
неким аъзохои ХНИТ хеле хурсанд шидан. да кучое, ки калимаи "садака" аст, гуши баъзехотон карнай мешавад)))))худ ба худтон хурсандй кардан гирен, аз ду сар мардума бо найрангхотон дигар фиреб карда наметавонед. давлати исломй мехохед? мархамат равед ба Афганистан, Ирон ё Покистон. монед мардум аз пайи зиндагии оромаш шудан гирад.
Ба савол гуш андозед.УСТОД МЕШАВАД ЗАКОТ,УШУР Ё (ДИГАР)ХАЙРОТРО БА ХИЗБХОИ СИЁСИИ ИСЛОМИ,КИ БАРОИ ИСЛОМ ХИЗМАТ МЕКУНАД ДОД.ин савол буд.Ба чавобаш гуш андозед. ДОДАНИ ЗАКОТ,УШР (ДАХЯКИ ХОСИЛИ ЗИРОАТ)ВА САДАКОТ БА (ХИЗБХОИ)СИЁСИ,КИ БАРОИ (ЭЛОИКАЛИМАТУЛОХ ИСЛОМ)ФАОЛИЯТ МЕКУНАД (ЧОИЗ АСТ)(ВА САВОБАШ БЕШТАР АСТ АЗ ДОДАНИ ТАОМ БА МАРДУМ ВА ХАЙРУ (ХУДОИХО).Бародарони бе савод дар он вакте,ки савод надоред ва мазмуни саволу ,чавобро намедонед ба ,чи хотир тухмат мезанед?Ба фикрам кадом вакте УЛАМОИ ДИНИ ИСЛОМ АМРИ МАРУФ карда буд,суханони ЭШОН барои шумоён нав реаксия дод мумкин. Сад хайфи шумо ,ки савод надоред ва бо шайтон ёр шудед дар ин олами бе бафо.
ЗАКОТ, НАМОЗ , савоб ва гайрахоро мо алхамдуллилох хамамон мусулмонем хамамонда донистан фарз аст лекин э мардум шумо аввал инженер , агроном , духтур , омузгор ва гайрахоро ба по хезонед давлата ба по хезонед , мо охи безор шудем да россия кор кардан , дар ватани худ кор кунем ватани худро обод кунем. Дар дигар давлатхо одамо ба спутник паридеестай мо бошем холиям гушнаги гуруснаги хунуку- торик бас кунед.
Худи хамин ибрози назархо гувохи медихад,ки косалесони хукумати имруза аккалан саводи чор калимаи бомазмун навишта наметавонанд.То рузе,ки Шумо зиддиятро ба дини Аллох бас накунед,Худованд ба шумо обру намедихад.Мухаббати халки Худоро бо зулм ва порадихи харида намешавад!Инхо рухияи гуломи доранд ва хеч гох токати шунидани гапи Хакро надоранд.Обруеро Худованди Холик ба оилаи Турачонзодахо додааст аз нияти нек ва часурии худашон аст. Домулло рухафтода нашавед! Хак бо Шумост вамо дуогуи Шумоем. Худованд хеч Хаккеро нохак нагардонад.Омин.Аллоху Акбар.
Мардумро аз кори хайр ,jpljinf ба шарр даъват мекуннед ИТТАКУЛЛОХ
Бародар Рахматулло хело оли кайд кардаед.Ва як чизро бояд кайд кунем,ки ин бесаводон хама чоплусу лагандбардоранд ва зиндагиашонхам аз руи чоплусист.Дар хукумати Тчк имруз аз зинахои поён то боло хама хушомадгуй.Ва санг заданашон хам фармоишист,зеро онхо маошхуранд.
Воййййй дилам ба халки точик месузад!! Дигар кишвархои дуне рохи пешрафт ва бехтар кардани сатхи зиндагии мардуманд инчо хизбхо хато охирин нони мардумро кашида гирифтанианд. Вой бар холе он шахсоне ки аз ин мард пуштибони мекуананд. Ман хамчун як чавони точик 1 савол доштам ба ононе ки мегуянд Турчаонзода ва хамсоли у олим хастанд. Ба ман фахмоненд, ки хамин одамхо чи дастовард то ба хол оварданд, ки мо фахр кунем??? Чоизаи Нобел гирифтанд? бо кашфиёташон зиндагии мардума бехтар карданд? Шумо ё онкадар бесаводед,ки манои калимаи "Олим"-ро намефахмед ё мушкили дигаре доред, ки худованд онро осон бигардоняд бароятон. Суханони дигареро мунтакил кардан ба дигарон ин магар олимист? Суханони Паёмбар (САВ)ва дигар уламои гузаштаи динро ба дигарон гуфтан ин ягон навьовари бафикрам нест!!! Дар гайри ин сурат агар фарз кунем ягон навовари бошад пас бояд инро бигуед ки динрохам инхо бо илмашон руз то руз нав мекунанд. Бародарон бехтар аст аз ришу салаву почаи шимро каме бояд дар вакти намоз боло бурду намедонам дигар харфои ки вокеан хам хандаовар ва хам андухгинанд рохи баланд бардоштани сатхи зиндагии худ ва хонаводаатон бошед!! Бовар кунед на ХНИТ ва на ин хукумати хозираи мо дар фикри хичкас нестанд хама барои кудрат ва вазифа талош мекунанд. Хай медонам шояд харфхои ман барои баьзеахтон макул нагардад факат хостам инро бигуям, ки "БАРОИ ХОЗИР ЗИНДАГИ КУНЕД"!!!!!!!! гузаштаву ояндаро фаромуш кунед зану фарзандони худтонро таьмин карда тавонед худованд онкадар бузург хаст,ки ба пули шумо ниёзе надорад!!!!
Barodari donishju az suxanhoyat barmeoyad ki az ilmi xudo farsaxho dur hasti xudo turo hidoyat kunad. Odami oqil hamesha fikri oyandaro mekunad nodon imruzashro fikr mekunad. Agar az xizmati qozidomullo pursi man andake umumi karda meguyam. Vaxte padari tu(agar namozxon boshad) az nomi xudoro ba zabon ovardan metarsid u ruirost da'vati islomi mekard. Vaxto ki namozro dar pasi darhoi bastai xonaashon namoz mexondand u masjidu madrasavu maktabi oliro kushoda e'lon mekard. Mardum ki haloku haromro farq namekardand u mardumro ahkomi ilohi omuxt. Imruz ki huquqhoi musulmononro naqz mekunand u jasurona ovozi xudro baland mekunad. Vaxto ki javononro az huquqi konstitutsiyoniashon ki ibodat dar masjid ast mahrum kardand ki ovoz baland kard ? Tu? Yo shuroi ulamovu kumitai din? Vaziri maorif farzi xudoro ki hijobi duxtaron ast tahqir karda zogi siyo va maymun nomid ki ovoz baland kard? Tu? Yo saidmukarram? Baroi tu va hammaslakonat in arzishhoi islomi arzish nadorad baroi hamin baroyat in xizmathoi eshon bearzish ast.
Ба Aksi sado бародар идома надоди? пас давомашро ман мегуям!! 21СОЛ Точикистона ки ба кафо бурд ту ё Эшонат? номи точикро ки бе обру кард ту ё эшонат? точиконро ба Афгонистону Эрон ки гуреза кард ту ё эшонат? магар хамин эшони олимат бад аз вазифа гирифтанаш бо риши худ аввалин шуда АЛ-ВИДО накарда буд? холо ки аз марака дур мондааст боз худро кахрамон нишон медиахад ва посбони риши дигарон шудааст!! аз харфоят бар меояд ки бахс бо бесаводе мисли ту кори ахмакист!! рафта камтар китоб хон вазияти хозири дунера 1 мурур кун бин дар дунё чи хабар аст!! Илми Худоро факат шумо медонед гуё Точикистонда 1 гурух мисли шумохо мусалмон асту дигарон мунофик. Афсус чавнони мисли ту барин дар фикри ришашон шуданд гофил аз он рузе ки ба хотири аз хад зиед донистани илми худо мо ба кишвари содиркунандаи нируи кории арзон (гуломи арзон) ба сохтумонхои кишвархои араби ки гуё ба назар мерасад бар акси ту буе аз илми худо набурдаанд ва дар айшу ишрат на фикри охираташонро мекунанду на фикри мусалмонони факир дигар манотикро е масехиёни кофир ба кавли туву эшонат мубаддал гардем. Худованд туро хидоят кунад !! Вассалом !!
Barorad ba tu savol mediham tu magar az nazdikon yo shogirdoni saidmukarram yo raisi kumitai ''din'' hasti? Az baroi xudo mon hamin igvogariatro. Magar az xudo nametarsi ki maro inqadar tahqir mekuni. Magar az sui xudo dar xobat ilhom omad az ilmi gayb meguivu maro besavod meshumori yo mantiqi navishtahoyam galat bud? Dar kujo xondi ki man nafarero munofiq xondam. Az tuhmat kardani barodari musulmonat sharm namekuni . Bo in tuhmatat chi budani xudro oshkor kardi. Man hamesha kitob mexonam shukri xudo ki maro zarrae ilmi dunyavivu uxravi dodaast. Ba'dan man na havodori hnit na muridi qozidomullo hastam. Man tarafdori suxani haq hastamu az tuhmat bezoram . Tu megui ki sababi mardikorivu 21 sol oqibmonii tjk mahz qozi ast? Magar zimomi davlat dar dasti turajonzoda bud? Az kayboz mullo muazzaf shudaast ki mardumro ba joi kor ta'min kunadu peshi rohi mardikoriro girad. Ajab suxani bemantiqu ahmaqonaro megui. Agar faktu raqam doshta boshi ki mahz qozi sababi jangi barodarkush ast bigu to hama boxabar boshand. Tu ki xudro bosavodu botaqvo meshumori charo vaqte ki huquqhoi xoharon va barodaronatro naqz kardand cado baland namekuni? Man ba siyosat kor nadoram bahsro ba siyosat nabar injo man az naqzi huquqhoi musulmonon meguyam. Man ki dar bolo ishora kardam ki saidmukarram va kumitai din vazifahoi xudro ijro namekunand oyo in xatoast? Agar nafare dar joi jamiyati maviza kunand yo namoz xonand hatman burda jarima mekunand . Man xud shohid astam ki 2 nafar '' gulduxtaroni '' tojik dar bozori poytaxt kitobero bo nomi ''kitobi muqaddas'' dar dast dorandu javonero ba dine ki guyo haq boshad da'vat(''amrima'ruf'') karda istodaand . Hatto dar ba dari xonahoi musulmonon gashta ba parastishi ''xudoi yahvo'' -ashon da'vat karda istodaand. Baroi chi nafare onhoro jarima namekunad? Charo saidmukarram ziddi onho amalero anjom namedihad? Magar qonun tanho baroi musulmonon qabul shudaast? Charo mo inqadar az dini haq va suxani haq metarsem. Barodar ba xotiri xudo az tuhmatu tahqiri barodari musulmonat parhez kun!
Фикр мекунам бхори Араб ба наздики дар кишвархои осиёи миёна ба хусус Точикистонхам меояд ин Накшахо алакай руи миззи Путинча истодааст ва ин корхое ки дар кишвари мо гузашта итодааст нишонахои Бахори Араб аст. Мардуми Мо бояд зираку доно бошанд ва ба хар провокация поддоватьса накунанд вагар на кор бисёр вайрон мешавад
ин кадар зираки нагуеду хукуматихои харомхур,камтар апетитатонро доред!6.5 млрд доллар аз Точикистони кашшок дар банкхои офшор мехобидааст!дураку ясно аз кучо ин пулхо!ин пулхои дуздии бюджет,ёрихои гуманитари,карзхои давлати,ва фоидахои заводу фабрикахои давлати аз чумла Талко!Бас кунед дуздиро!БАС!!!ба диламон зад калимаи шукронаву зиракии сиёси!Бас кунед харомхуриву порагири,ришваву хуни халк макиданро!Ноадолатихо дар милисаву прокуратураву говсуд!То он вакте ки бас намекунед бахори арабро интизор шавед!РАНО ИЛИ ПОЗДНО это случится!имруз ё пагох!Бас кунед демагогияи холиро,дуругу афсонаро!Дигар мардум ба шумо бовар надорад!Косаи сабрамон лабрез шудааст!аз ин холи гиряовари механ!магз магзи давлат фасод...
mardm zakototona ba yak odami muhtoj dihed vagar na in hizbo moshinoi 2013 bromadai meharan. bo barton koks metan megzaran dayrovsh nmeknen ba opelton
Имруз чомеаи мо ба устод Турачонзода ва у баринхо бештар аз пештар ниёз дорад. Ахлоки бархеро бингаред: фахшо, зино, фасод, нащъаманди ва нашъачаллоби, нимбарахнаги, бесарусомони дар муносибатхои оилави ва монанди инхо.Агар чунин афрод аз Худо натарсанд аз хеч банду зиндон наметарсанд. Бигзорем рухониёне, ки мардум нисбаташон эхтиром доранд, сухани Парвардигорро ба халк расонанд.
БА ФАТФОИ ХОЧИ АКБАРИ ТУРАЧОНЗОДА САД ДАР САД РОЗИЯМ БАРОИ ОН КИ ЯГОНА ХИЗБИ НАХЗАТ АЗ РУИ ИСЛОМ КОР КАРСОС АММО БИСЬЕР ДОМУЛОХО ФУРУХТАИ ДАВЛАТ ШУДА КОНУНОЕКИ ДАВЛАТАМОН ПЕШБИНИ КАРДААСТ МИСЛИ САРИ ЛУЧ БА ДУХТАРОН МАКТАБРАВИ ТО 18 СОЛАА БА МАСЧИТ НАРАФТАН ЗИДДИ ШАРИАТИ ИСЛОМ ВА КУРЬОНИ МАЧИД МЕБОШАД ДАСГИРИ МЕКУНАНД БАРОИ ХАМИН МО БОЯД НАХЗАТРО ДАСТГИРИ КУНЕМ .....
худованд точикистонро аз эшону охундхо нигох дорад
E bexirad! Az xudovand chizero talab dori ki xudo ziddi on ast. In xohishat anigdodero ba xotiram ovard))) islom karimov mohichai tilloiro az daryo doshta xostast ki 3 xohishashro ne balki yak xohishashro ijro kunad . Mohichai tilloi pursidast ki chi xohish dorad. Karimov guftaast ki mexohad ki hejgoh nerugohi rogun soxta nashavad. Bechora mohi chunin javob dodaast : man in xohishi shumoro ijro karda nametonam chinki xudi man cahmiyahoi nerugohi rogunro xaridori kardaam))). Tu ham shasti mohigiriro girifta labi daryo rav shoyad yagon mohichai tilloi ki misli xudat betavfiq ast ba shastad biaftad hahahhahahhaha
ахлидин номата дигар куни меша

Шояд шумо суол ё назаре доред?