Рустами Эмомалӣ ва Озода Раҳмон ба доди муаллифи барномаи "Шаҳр, шаҳриён, шаҳриёрон” нарасидаанд

Рустами Эмомалӣ ба номаи як шаҳрванд посух надодааст

Аз номаи бози журналист Мавҷигул Иблоева бармеояд, ки мири шаҳр Рустами Эмомалӣ се бор арзи ӯро нодида гирифта, роҳбари Дастгоҳи иҷроия Озода Раҳмон низ ба додаш нарасидааст, аммо журналист аз падари онҳо президент Эмомалӣ Раҳмон умед дорад. 

Ба Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ

аз номи истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳ.Шерозӣ 17/ 2 х. 34, журналисти Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе” Мавҷигул Иблоева

НОМАИ БОЗ

Бо дастуру ҳидоятҳои Шумо ..... Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус пойтахтамон шаҳри Душанбе баъд аз соҳибистиқлол гардиданаш ободу зебо ва сабзухуррам гардидааст. Дар ҳақиқат Истиқлолият барои мо бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкоронаи созандагӣ ва азму талошҳои фидокоронаи Шумо муҳтарам Пешвои миллат ва шаҳрдор мебошанд, ки халқи тоҷик дар фазои сулҳу суббот, оромӣ, осудагӣ зиндагӣ ва кору фаъолият менамоянд.

Ба маълумоти Шумо муҳтарам ... Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мерасонам, ки ман аз соли 1996- аз таъсиси Телевизиони "Пойтахт” ҳоло Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе” ҳамчун журналист дар ин телевизион кор мекунам. Муаллифи барномаҳои "Гулпарвар”, "Озодашаҳр”, ва "Шаҳр, шаҳриён, шаҳриёрон” мебошам.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ ва Раиси шаҳри Душанбе!

Ман аз 03.06.2013 инҷониб дар суроғаи дар боло зикргардида иқомат дорам. Дар давоми истиқомат карданам дар суроғаи мазкур, ки иҷоранишинам, то ин замон дар ҳаҷми 40 ҳазору 743 сомонӣ маблағи иҷора супоридаам. Бо сабаби маро аз кор беасос озод намудани роҳбари муассисаи мазкур Суҳроб Рауфзода, натавонистам маблағи иҷораро супорам.

Ба хотири он ки ман иҷора менишинам, розӣ шудам, ки тариқи шартномавӣ дар ин телевизион кор кунам. Ҳаққи қаламе, ки дар даст мегирам, 600 сомониро ташкил медиҳад ва чигуна метавонам, ки бо ин маблағ иҷораро пардохт намоям?

Ман модари танҳо ва соҳиби ду фарзанди ноболиғ мебошам. Шароити оилавиам хуб нест.

Аз оғози моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИХД-и ш. Душанбе ва харидори иҷора бо номи Рабиев Насрулло Раҳмоналиевич, ки дар дасташ ягон ҳуҷҷати харидории хона набуд, ба ман фишор оварда мегӯянд, ки бояд хонаро холӣ кунам.

Ман се маротиба ариза ба Раиси ш.Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ навиштам ва ҷавоби аризаамро нагирифтаам. Ман боварӣ дорам, ки аризаҳоям то ба дасти шаҳрдор намерасанд. Зеро касе монеи то ба Раиси шаҳр расидани аризаҳо мегардад. Агар мерасид, боварии комил доштам, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои зиндагонӣ кардани ману кӯдаконам дар манзили иҷоравиам корро мусбӣ ҳал менамуд.

Вақте, ки ман ҳамчун як журналист мехоҳам масъалаи муҳими ҳаётамро ҳал кунам, аризаи ман то ба Раиси шаҳр намерасад. Пас чи гуна як шаҳрванди оддӣ метавонад, оиди масъалаҳои муҳими зиндагиаш ба шаҳрдор муроҷиат кунад?

Аз ин рӯ ман ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ариза навиштам. Ва баъд аз ин аризаи навиштаам корманди Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД- и ш. Душанбе бо номи Умед ва аз шуъбаи назорати МИҲД-и ш. Душанбе бо номи Иброҳим ҷавоби аризаи маро ҳангоми набудани ман ба муассиса оварданд, ки то ҳол ман муҳтавои аризаро нахондаам. Ман тариқи телефонӣ бо корманди раёсати номбурда бо номи Умед дар тамос шудам. Ӯ ба ман муносибати дағалона карда, маро маҷбур дорад, ки ҷавоби аризаат бенатиҷа аст, метавонӣ хонаро холӣ кунӣ ва ба куҷое, ки муроҷиат мекунӣ, кардан гир.

Наход, ки ман хамчун журналист, ки солҳои сол, яъне 23 сол дар ҳамин телевизион баҳри ободиву шукуфоии пойтахт ҶТ кору фаъолият намуда, ҳуқуқи дар манзили иҷоравии МИҲД-и ш. Душанбе зиндагӣ карданро надошта бошам?

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳояш оиди баланд бардоштани мақому манзалати зан таъкид менамояд. Пас ҳамин аст, баланд бардоштани мақоми зан аз ҷониби раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД-и ш. Душанбе, ки онҳо мехоҳанд дар ин мохи мубораки шарифи Рамазон, маро аз хонаи иҷоравии МИҲД-и ш. Душанбе берун кунанд?

Муҳтарам ....Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ!

Аз Шумо бо эҳтиром илтиҷо ва хоҳиш менамоям, ки маро дастгирӣ кунед ва имконият диҳед, то харидорӣ намудани хонаи иҷораам зиндагӣ намоям. Зеро, ки ман ғайр аз ин хона дигар ҷои зист надорам.

Умедам ба Худои бузург ва пасон ба Шумо аст.

Бо эҳтиром, Мавҷигул Иблоева

Шарҳи Тоҷнюс: Ин матлаб дар чорчуби маъракаи #Зидди_сонсур ба нашр расида, вожаҳои "Пешвои миллат" ва "Асосгузори сулҳу ваҳдат" аз он ҳазф шудаанд. 

 

Добавить комментарий