Корхонаи “Тоҷиказот”-ро Ҳукумат ба чиниҳо медиҳад

Як ширкати чинӣ гуфтааст, ки дар ҳолати бо Тоҷикистон ба мувофиқа расидан корхонаи нуриҳои азотии Вахш – “Тоҷиказот”-ро дар як сол эҳё хоҳад кард.

11-уми август Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон бо Сун Вэй, раҳбари ширкати сармоягузори “Тунг”-и Чин масъалаи эҳёи ин корхонаи бузурги кишварро баррасӣ кардаанд. Раиси вилояти Хатлон гуфтааст, ки барои ба кор даровардани “Тоҷиказот” корхона ба технологияи нав ниёз дорад, пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби ширкат ворид карда шавад.

Сун Вэй гуфтааст, ки маҳз барои нияти эҳёи корхонаи “Тоҷиказот” ба Тоҷикистон омадааст. Ваъда кардааст, ки дар ҳолати ба мувофиқа расидан, дар давоми як сол истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, аз қабили нуриҳои минералӣ ба роҳ дар ин корхона ба роҳ хоҳанд монд.

Корхонаи мазкур, ки саҳимяҳояш (75%) ба соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ, давлати Тоҷикистон (20%) ва Зайд Саидов (5%) марбут буд, дар пайи қазияи сиёсии ахирӣ ва ба 26 соли зиндон маҳкум шудани раҳбари Ҳизби сабтиноманашудаи “Тоҷикистони нав”, бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон тобистони соли гузашта, пурра ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира шуд.

Оғози соли равон Шавкат Бобозода, вазири саноат ва техологияи нави Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш гуфта буд, ки Ҳукумати Тоҷикстон барои эҳёи ин корхона аз Чин дархост гирифтааст.

Ӯ гуфта буд, ки "Тоҷиказот" дар ҳоли ҳозир бинобар набудани ашёи хом, ба таври пурра фаъолият намекунад. Имрӯз бидуни технология ба ҷое намерасем. Чиниҳо чунин технология пешниҳод кардаанд. Дар баробари чиниҳо, дигар ширкатҳои аврупоӣ низ чунин пешниҳод кардаанд."

Ин корхонаи нодир ва муҳимтарини Тоҷикистон, ки имкони таъмини тамоми соҳаи кишоварзии мамлакатро бо нуриҳои минералӣ дорад, бинобар қатъ шудани интиқоли газ аз ҷониби Ӯзбакистон аз кор бозмонда буд. 

Корхонаи нуриҳои азотии Вахш воқеъ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон соли 1964 ба фаъолият шуруъ кардааст. Корхона барои соҳаи кишоварзии Тоҷикистон карбамид истеҳсол мекард. Воқеаҳои ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар боис ба он шуд, ки солҳои 1992 то 1995 корхона аз фаъолият боз монд. Тоҳирхон Ғозиев, раҳбари пешини ин корхона ба расонаҳо гуфта буд, ки баъдан, боз ба кор дароваранд, ки ба мушкилӣ кор пеш мерафт. Соли 2001 саҳмияҳои ин корхонаро миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ мехарад, то замони қатъи гази табиӣ аз Ӯзбакистон корхона фаъолият дошт. Аз солҳои 2008-09 инҷониб корхона фаъолият намекунад.

Copyright © 2015 TojNews

Комментарии

Аҷоибу ғароиб... Соҳибкорону тоҷирони ватаниро молу мулкашонро мусодира ва онҳоро зиндон мекунанд ва корхонаҳоро ба бегонагон ҳадя мекунад. Инаст хидмати хирсона ба миллати тоҷик...
Ман пешниход дорам, ки Корхонаро ба хеч кас нафурушанд. Хидроген истехсол карда, бе гази табии карбамид истехсол кардан мумкин аст. Дар чунин маврид хам асъори хоричи барои хариди карбамид аз кишвар берун намеравад , хам давлат солона 200-300 миллион доллар фоида ба даст меорад. Илова бар ин аз эхтиечоти кишвар зиедаашро ба худи Чин е Афгонистон фурухтан мумкин аст.
Кадом руз хукумат точикистонам ба чин месупора, хама бесаводу беилм чам шидай, мо ина азоб кашида гаштем и гарибиеда дар ба дар
Фуруши амволи давлат ин рохи хал нест .кучост он гамхороне ки миллати точикро бо ман манихошон кар кадаст бовари дорамки якхел вазирои мора кудратшон ба дутаи дига аз нав сохтани чунин заводора мераса

Добавить комментарий