Шояд шумо суол ё назаре доред?

Ман ба суханони Раис рози хастам. Аммо як камбагал пас аз шалоки зиед хурдан гуфтааст: ман хам монананди шумо ватандуст хастам, аммо баъзан ишкамам гурусна мемонад ва дар хорич аз Точикистон бо афсуси мову шумо ба кадри сомонии мо намерасанд ва бинобар хатто ним кулча хам намедиханд. Ва инчунин дар баъзе кишвархо , агар инсон бо сабаби гуруснаги ва бепайсаги хурока дуздад, новобаста аз он, ки у ватандуст хаст е не. Баъдан ман мехостам бифахмам, ки дар Точикистон ое нафаре бо маоше, ки мо дорем чи тавр пасандоз кардан мумкин аст, агар у дузд , порахур ва е горатгар набошад? Аммо чунин шахсон ватандуст буда наметавонанд ва барои онхо миллату ватан гапи хушку холи аст. Аз ин чо хулоса мешавад, ки хар нафаре, ки умуман пасандоз дорад, е бо сомони е бо доллар на танхо ватандуст нест, балки чояш худатон медонед, кучост. Ин шухи буд. Умуман барои рушди кишвар , агар пул медоштам, онро истифода мебурдам, на ин ки онро дар бонк нигох медоштам. аммо агар максади шумо нигох доштани курби сомони бошад, пас аввал куху пушта ва баъд заминро танхо бо сомони фурухтан лозим аст. Бо ин рох курби сомони боло меравад, порахуриимансабдорон камтар мешавад, кишвар обод мешавад, хар кас мувофики кудраташ сохиби моликият мешавад ва окибат кариб хама ватандуст мешавад. Бовар кунед, дигар илочи нигохдории курби сомониро дар айни замон надорем.Боз дигар гапхо хаст, аммо вакт кам. Шумо сайтатонро хамин тавр созед, ки бо шумо мулокот ва бахс карда шавад. Саломат бошед. Ман шуморо вокеан эхтиром мекунам.