Шояд шумо суол ё назаре доред?

Бисёр таҳлили беандешона ва метавон гуфт бесаводона. Ман дар ягон таблуи саррофиҳо нишон додани арзиши 100 долларро надидам. Фақат камакак таваҷуҳ мебояд. Охир дар таблуҳо фақат курби 1 доллар нишон дода мешавад. Хоҳиш мекунам, мардумро ба таҳлуқа наандозед, охир дар давоми ду-се рӯзи ба роҳ мондани сиёсати нави қурбгузорӣ 1 доллар на то 20 сомонӣ, балки ҳамагӣ аз 12 то 14 дирам зиёд шудааст. Ин ҳам баъди ба бонкҳо додани ҳуқуқи муайян кардани қурби доллар. Ин ҳисоби оддии арифметикӣ аст: (1 дол.=6.6207х1,5%= 6.7207). Боқӣ саломат бошед ва каме андеша намоед.